ЯКБОР ҶАСТИ МАЛАХАК…

Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мурофиаи ошкорои судӣ 20-сентябри соли 2019 парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванди шаҳри Хуҷанд А.З. ва М.Ғ, ки ҳар ду муваққатан бекор ҳастанд, дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 210 КҶ ҶТ “ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти тибби хусусӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” айбдор дониста, баррасӣ намуд.

Судшавандагон ҷинояти ғайриқонуниро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта, ба миқдори калон аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ дар чунин ҳолат содир намудаанд.

Чунончи, М.Ғ. бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, оиди бо роҳи қочоқ аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба микдори калон ворид намудани дорувориҳои пастсифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда чавобгуй набуда, пешаки бо А.З. маслиҳат намуда, дар ин бора нақшаи ҷиноятии мукаммал тарҳрезӣ мекунанд.

Тибқи нақшаи пешакӣ, судшаванда санаи 28 июли соли 2019 ба як шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон, занг зада 10 қуттӣ дорувориҳои номгӯи Глицерин, B Kompleks 2мл, Niklofin Змл, Лесцинат 5мл, Магня Сулфат, Септалет, Камистад, Хондро Ридз, Секмндокс, Фосфолюгел, Тербизил, Синглом, Глитсин, Нопракс, Суаром, Интелан Сироп, Рибоксин ампула, Эссенсиале капсула, Глитсин свечи, Тестастерон, Бримоптик, Стрепсилс, Супрастин, Интелан капсула, Напроф ва дигар дорувориҳои пастсифатро фармоиш медиҳад. Дар навбати худ, А.З. аз рӯи маслиҳати пешакӣ амал намуда, аз роҳбалади хатсайри Тошкент-Хуҷанди ширкати «Азия Холдинг Груп Тоҷикистон» хоҳиш менамояд, ки аз Узбекистон то ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 10 қуттӣ дорувориҳояшро дастрас намояд.

Сипас А.3. дорувориҳои пастсифати мазкурро гирифта, онро дар хонаи худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ғайриқонунӣ нигоҳ медорад. Санаи 29 июли соли ҷорӣ дар вақти ба муомилот баровардани дорувориҳо А.З. ва М.Ғ. аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгир ва дорувориҳо дар асоси протокол ёфта гирифта шудаанд.

Мувофиқи маълумотномаи Сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд маводҳои дорувории дарёфтгардида, ба талаботҳои хуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ намебошанд. Зеро тарзи нигохдошти онҳо нодуруст ба роҳ монда шудааст ва бинобар сабаби мазкур ин маводҳои доруворӣ хусусияти табобатии худро гум кардаанд. Истифодаи онҳо ба саломатии инсон зарарнок буда, нархи умумиаш 29182 сомониро ташкил медодааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда М.Ғ. бо айби ба ӯ бо моддаи 210 КҶ ҶТ эълонкардашуда, худашро гунаҳгор ҳисобида, чунин нишон дод, ки ӯ қаблан бо хариду фуруши дорувориҳо машғул шуда, фаъолияти доруфуруширо дар яке аз дорухонаҳои ҳудуди Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд ба роҳ мондааст. Минбаъд дорухонаро соҳиби бино аз ӯ бозпас гирифтааст ва охирон дар дигар ҷой биноро ба иҷора гирифта, онро ба таври капиталӣ таъмир карда, дар он фуруши дорувориро боз ба роҳ мондааст. Бинобар сабаби суст будани фуруши доруворӣ охирон муфлис шуда, дорухонаашро пурра барҳам додааст.

Суд тамоми паҳлуҳои ҷиноятро санҷида, лозим донист нисбати судшавандагон таъин намудани ҷазои ҷаримаро бо маҳрум кардан аз ҳукуқи фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба хариду фуруши доруворӣ дар раводиди моддаи 210 иловаи I қисми II банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои барқарор шудани адолати иҷтимоӣ ба мақсад мувофиқ дониста, ба М.Ғ ва А.З. бо моддаи 210 иловаи I қисми II банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Трҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 110 000 сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба хариду фуруши дорувориҳо ба муҳлати як сол таъин кард.

Дорувориҳои пастсифати мусодиракардашуда, дар амбори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд нигоҳ дошта шуда, несту нобуд карда шуд.

Назариён Нигора Қосимӣ, судяи суди шаҳри Хуҷанд