ИСТИҚЛОЛИЯТ СОЗАНДАИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР АСТ

Имрўз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти миллӣ бо нусрат қадам мегузорад. Дастовардҳои шоён дар соҳаи иқтисодиёт бахусус дар партави созандакориҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан зуҳур мекунад. Амалигардии ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» зина ба зина имкон фароҳам оварда истодааст, ки дар мамлакат пояи иҷтимоиёту фарҳанг устувор гардида, соҳаи маорифу тандурустӣ меъёрҳои ҷаҳони муосирро ҷавобгў бошанд. Ба вуҷуд омадани корхонаҳои хурду миёна иқтидори иқтисодиёти кишварро пурзўр карда, соҳаи кишоварзӣ назар ба ибтидои солҳои 2000-ум ба маротибҳо пеш рафт.

Президенти кишвар дар аксари баромадҳояшон, аз ҷумла дар Паёми навбатӣ қайд кардаанд, ки масъалаи саноаткунонӣ яке аз умдатарин мавзўст, ки ҳақ ба ҷониби он кас аст. Иқтисодиёти тараққикарда боиси мустаҳкамии давлат мегардад. Равшан аст, ки танҳо дар давлатҳои соҳибистиқлол тамоми соҳаҳои ҳаёт пеш мераванд.

Тоҷикистонро аз қабили ҳамин давлатҳо шуморидан бамаврид аст. Агар ба ибтидои Истиқлолият, ки ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд рў орем ва симои имрўзаи Ватанамонро нигарем ба ҳақиқати созандагии Истиқлолияти миллии худ бори дигар боварии комил ҳосил менамоем.

Ин нерўи созандагиро, ки давлати лемократии моро бунёд гузоштааст, тамаддуни ҳазорсолаи аҷдодиро эҳё намудааст эҳтиёт намудану тақвият бахшидан муҳимтарин кори мо мебошад.

Ализода Эраҷ Асатулло, судяи суди шаҳри Хуҷанд

Маҷаллаи «Моҳтоб» №8, 2019