Иди касбӣ муборак!

«Барои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мақоми баланди ҳокимияти судӣ дар ҷомеа хос аст, зеро суд арзишҳои олӣ-инсон ва ҳуқуқу озодиҳое, ки вазифаи муқаддаси давлат аст риоя ва ҳифз менамояд. Баробари дигари шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад».    

                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Боиси хушнудист, ки дар арафаи ҷашни ифтихории 26 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 96 солагии мақомоти судии кишвар, низ таҷлил мегардад.

Дар партави сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳокимияти судӣ дар кишвари мо таърихи басо ибратбахшро аз сар гузаронида, ҳамарўза бемайлона инкишоф ёфта истодаст.

Кормандони мақомоти судӣ ифтихор аз он доранд, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» ҳамасола санаи  26 октябр рўзи кормандони мақомоти судӣ муқаррар гардидааст.

Зеро маҳз натичахои фаъолияти кории суд аз масъулияти баланд ва меҳнати пурсамари  ҳар як  корманди суд  шаҳодат медиҳад.

Боварӣ дорем, ки минбаъд ҳам, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо  баҳри таҳкими ҳокимияти судӣ, қонуният,  ҳифзи дастовардҳои сиёсию иҷтимоии Истиқлолияти давлатӣ  бо донишу малакаи касбии худ ва  ҳисси масъулиятшиносӣ   хизмати беандоза хоҳанд кард.

Дар фазои ҳамин ниятҳои нек тамоми судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳоро бо ин ҷашнвораи касбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу  зиндагии  осуда  таманно менамоем ва  дар адои  вазифаҳои  басо пурмасъулашон комёбиҳо хоҳонем.

 

Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ

Раиси суди шаҳри Хуҷанд