Фарҳанги миллӣ ва аризишҳои суннатӣ
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таъриху маданият ва фарҳанги қадимаи бою ғанӣ дорад, ба монанди осорҳои хаттию илмӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозӣ, анъанаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд, ки он бо ҳазорон монеаҳо дучор гардида, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам дар шакли шифоҳӣ ба мо ба мерос мондааст. Ин арзишҳои миллии мо ба шумор мераванд.
Имрўз зарурате ба миён омадааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардад ва чунин ҳам шуд ва боз бо тақозои замон ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ҳамаи ин дар натиҷаи ба назар гирифтани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худи шаҳрвандони кишвар мебошад.
Қонуни мазкур пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рўзғор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ, дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бе чуну чаро ин Қонунро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст.
Саидмухторзода Шуҳрат,
Судяи суди шаҳри Хуҷанд