ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛРО ҲИФЗ БОЯД КАРД!

Истиқлолият дастоварди бузурги халқи тоҷик аст, зеро он барои шаҳрвандон сулҳу субот, тинҷиву осудагӣ ва файзу баракотро ато кард. Баробари расидан ба истиқлоли миллӣ дар кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободониву сохтмонӣ рўз ба рўз беш гардида, симои кишвар куллан дигар гашт. Имрўз дар кишвар мардум бо хотири ҷамъ умр ба сар бурда, баҳри нигоҳ доштан ва боз ҳам қавӣ гардонидани самараҳои истиқлол камари ҳиммат баста истодаанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ҳама соҳаҳои кишвар, алалхусус кишоварзиву саноат, сохтмону нақлиёт, роҳу алоқа, маорифу тандурустӣ ва ғайра корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Алҳол, ки дар арафаи 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, хотирнишон бояд кард, ки расидан ба чунин рўз душвориҳои зиёде дошт. Душвортарин муаммо ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият Роҳбари давлат ҳамарўза бо он машғул мешуданд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.

Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Истиқлол буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти  коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳуқумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Баробари соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқўъ пайвастанд. Имрўз барои фаъолияти кормандони ин ниҳод тамоми шароит муҳайё шудааст ва баҳри пойдор доштани ҳуқуқу манфиатҳои сокинон чораҳои мушаххас андешида шудаанд.

Агар ба таърихи давлатдории навини тоҷикон назар афканем, маълум мешавад, ки аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи милдӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил — Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Аз ин рў, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расид, зеро дар муддати барои таърих на он қадар тўлонӣ расидан ба чунин дастовардҳо осон набуд. Дар ин роҳи пурпечутоби мушкил ва ҳассос танҳо иродаи қавиву меҳанпарастӣ, ватандўстиву сулҳоварӣ, дўст доштани хоку оби сарзамини аҷдодӣ ва нигоҳ доштани арзишҳои милдӣ нақши босазо гузошт.

Раҳимзод Сулаймон, судяи суди шаҳри Хуҷанд