Дарки манзалати зиндагисоз
Имсол Рўзи Конститутсия ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки мардуми сарбаланди кишвар онро ҳамчун ҷашни муқаддаси таърихӣ бо дастовардҳои арзанда ва бо шукўҳу шаҳомати хоса истиқбол намуданд, рост омад.
Агар моддаи якуми конститутсияро, ки «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» ба риштаи таҳлил кашем, он дўстӣ, сулҳ ва баробарҳуқуқии мардуми мо мебошад. Натиҷаҳои дастовардҳои конститутсионист, ки имрўз дар давлатамон сулбу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда шудаанд.
Метавон гуфт, ки агар ба даст овардани Истиӣлолият зарурати қабули конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид. Конститутсия хусусияти миллқ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондўстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд. Дар ин замина, мо бо қабули конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодқ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олқ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Бояд гуфт, ки дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуда, барои донистан ва аз худ кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонаш имкониятҳои васеъро фароҳам овардааст.
Муддати солҳое, ки ба ҳайси судяи суди шаҳрӣ фаъолият мебарам, дарк кардаам, ки вазифаам масъулиятнок аст, аз ин рў, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро китоби рўимизии худ қарор додаам. Тафтиши парвандаҳои ҷиноятиву санҷиши мавод, баррасии арзу шикояти шаҳрвандону довари ҳақбин шудан маро рўз то рўз масъулиятшинос мегардонад. Бо дарки баланди масъулиятшиносиву инсондўстӣ кўшиш мекунам, мушкилоти ҳар корафтодаро осон намуда, дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва соҳибихтиёру дунявӣ ҳиссагузор бошам, зеро имрўз вазъи мураккаби ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.
Раҳимзод Сулаймон Карим,
Судяи суди шаҳри Хуҷанд