Бигзор Конститутсия абадан чароги рохнамо бошад.

Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян, мекунад. Бинобар ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дар таърихи навини кишвар руйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид. Конститутсия барҳаҳ, мояи ифтихор ва сарфарозии х;ар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Ин санаи муқаддас, Истиқполияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми моро амалй сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонд. Чуноне дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо, наели ҷавонро бояд дар руҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем. Омӯзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатй, муассисаҳои таълимиву тарбиявй, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шуда, барои татбиқи он бояд тамоми воситаву имкониятҳо истифода шаванд.» Таҳияи Конститутсия бо ҷалби нерӯҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии милливу анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократй сурат гирифт. Бештари ҳамватанони мо дар раъипурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократй, ҳуқуқй ва дунявиро интихоб намуданд. Барпо намудани чунин давлат эх,тирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар шаҳрвандро тақозо менамояд. Ҳамзамон ин ҳуҷҷати тақцирсоз дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллй ва масъулияти муштараки халҳ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимой ва шаҳрвандй инъикос менамояд. Аз огози пайдоиши тамадцуни инсонй то ба давраи муосир санадҳои зиёде расидаанд, ки муаррификунандаи мавҷудияти халқу миллатҳо дар як давраи муайяни таърихй, тарзи зиндагй, сатҳи тафаккур ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқй ва маънавии онҳо мебошанд, ки ба ҷумлаи онҳо Эъломияи Куруши Кабирро, ки таърихи зиёда аз дуввуним ҳазорсола дорад, метавон дохил кард.Бигзор Конститутсия абадан чароғи раҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи миллати мо ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навин бошад!

                                                                                   Ёрдамчии Раиси суди шахри Хучанд

Фозилзода Илҳом Ином