ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ МУБОРАК!

Бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза аз номи тамоми кормандони мақомоти суди шаҳри Хуҷанд ҳамаи сокинони кишварро ба муносибати бузургтарин дастоварди миллат 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандӣ, хонаободӣ, садоқат ба миллату давлат дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукуфони Тоҷикистони азиз комёбиҳо таманно дорем.

Дар давоми 29-соли Истиқлолият бо сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеъаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намуда, таъмини Истиқлолияти энергетикӣ аз бунбасти ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил дода, ҷиҳати такмили суботи сиёсӣ ва сулҳу оромӣ дар кишвар фаъолият бурда истодаем.

Тӯли солҳои Истиқлолият тоҷикистониён истиқлолиятро волотарин неъмати рӯзгор дониста, баҳри бунёди давлати мустақил, озоду обод, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ талош меварзанд.

Бигзор, ҷашни истиқлолият ба кишвари мо шукуфоиву пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирӯзии комил оварад.

Бо эҳтиром,

Раиси суди шаҳри Хуҷанд

Шарифзода М.Р.