Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 27 марти соли 2025 бо моддаи 90 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуқуқвайронкунанда Н.А.К. уҳдадории худро оид ба таълиму тарбияи кӯдаки хурдсолаш иҷро накардааст, ки дар натиҷа фарзандаш хонандаи синфи 9 Гимназия № 13 шаҳри Хуҷанд санаи 21.01.2025, дар дохили Гимназияи мазкур нисбати муаллимаи забони русӣ дашноми қабеҳ зада, дар охир аз тарафи муассиса нисбати ноболиғ А.Н.К. баҳсу муноқишаи даҳонӣ карда, ҳаргуна суханҳо зада, ноҳурматӣ зоҳир намудааст ва бо ин кирдораш муносибати ғайриахлоқӣ намуда, ба кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ даст задааст. Бинобар ин, нисбати Н.А.К. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар маҷлиси судӣ ҳуқуқвайронкунанда худро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пурра гунаҳгор ҳисобида, аз кирдори содирнамудааш пушаймонӣ изҳор намуда, ба суд баён кард, ки аз сабаби фарзанди ноболиғашро беназорат монданаш, фарзандаш ба чунин кирдор даст задааст. Ваъда дод, ки минбаъд писарашро зери назорати қатъӣ мегирад, то ба чунин кирдор даст назанад. Аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад, зеро шароити моддиаш вазнин буда, ягона таъминотгари оила ба ҳисоб мерафтааст.
Дар асоси ҳолатҳои дар маҷлиси судӣ муқарраргардида, суд, кирдори Н.А.К.-ро бо моддаи 90 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои аз ҷониби падар назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси аз ҷониби ӯ истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят банду баст мекунад.
Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ, суд, хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи Н.А.К., шахсияти ӯ, вазъи молу мулкӣ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба инобат мегирад.
Бо дарназардошти он, ки ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад, суд, лозим медонад нисбати Н.А.К. ҷазоро дар намуди ҷарима таъин намояд.
Бо қарори суди шаҳри Хуҷанд аз 27 марти соли 2025 ҳуқуқвайронкунанда Н.А.К. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1500 сомонқ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Судя Иброҳимзода Н.А.