Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 22 августи соли 2025 бо моддаи 481 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Њангоми гузаронидани санҷиш аз тарафи прокуратураи шаҳри Хуҷанд санаи 19 июли соли 2025 соати 11:00 дақиқа муайян карда шудааст, ки шаҳрванд М.С.В. дар тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки 40 нафар меҳњмонон бо оростани дастархон маросими домодталбонро гузаронидааст, ки ин ҳолат хилофи талаботи қисми 3 моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арӯсиро вайрон намудааст.

Њуқуқвайронкунанда М.С.В. оид ба баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи дахлдор огоҳ буда, ба мурофиаи судӣ бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудааст.

Суд, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 26-и КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар ғоибии ҳуқуқвайронкунанда М.С.В. баррасї намудааст.

Суд, бо назардошти ҳолатҳои дар боло зикршуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда М.С.В., ки қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудааст, оиладор мебошад, дар таъминоташ панҷ нафар фарзандон дорад, инчунин вазъи молу мулкии ӯро ба инобат гирифта, мувофиқи мақсад шуморидааст, ки нисбати ҳуқуқвайронкунанда ҷазои ҷаримаро дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намояд.

Бо қарори суди шаҳри Хуҷанд аз 22.08.2025 сол М.С.В. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 220 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 16500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

 

Судяи суди шаҳри Хуҷанд Раҳимзод С.К.