Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 22 апрели соли 2025 бо моддаи 472 қисми 4 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

У.М.Э. санаи 10.04.2025 сол, тахминан соати 12:40 дақиқа дар вақти даромадан ба дидорбинии кӯтоҳмуддат ба назди ҷиянаш-маҳкумшуда У.Р.Э. ба муассисаи ислоҳии 3/5 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми кофтуков дар ННГ-и №2 аз дохили ҷайби даруни тарафи чапи костюмаш ба миқдори 460 (чорсаду шаст) сомонӣ маблағи пулӣ дарёфт карда шудааст. Бинобар ин нисбаташ бо моддаи 472 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Мувофиқи қисми 2 моддаи 26 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғоибии ин шахс парванда танҳо ба шарте баррасӣ мегардад, ки дар бораи ба таври дахлдор ва саривақт хабардор карда шудани ин шахс оид ба маҳал ва вақти баррасии парванда маълумот мавҷуд бошад ва аз ҷониби ин шахс дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда дархост изҳор нашуда бошад ё чунин дархост рад карда шуда бошад.

Мутобиқи таъинот дар бораи таъин намудани вақт ва маҳалли баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасии парвандаи номбаршуда нисбат ба У.М.Э. дар маҷлиси ошкорои судӣ ба рӯзи 22 апрели соли 2025 соати 14:00 дақиқа дар суди шаҳри Хуҷанд таъин карда шуда, ҳуқуқвайронкунанда аз вақт ва маҳалли баррасии парванда бо расонидани даъватнома саривақт огоҳ карда шуда, вале дар рӯз ва вақти таъиннамудаи суд У.М.Э. бидуни сабабҳои ба суд номаълум ҳозир нашуд, инчунин, ариза дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда пешниҳод накард.

Бо назардошти ин, суд, ба мақсад мувофиқ донист, дар ғоибии охирин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намояд.

Бо дарназардошти он, ки ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад, суд лозим медонад нисбат ба У.М.Э. ҷазоро дар доираи раводиди ҳамин модда таъин намояд.

Суд, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда ва маҷмӯи ҳамаи ҳолатҳоро ба инобат гирифта, нисбати ҳуқуқвайронкунанда У.М.Э. бо моддаи 472 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо  дар намуди ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 750 сомонқ ба фоидаи давлат, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таъин карда шудааст.

Ба сифати далели шайъӣ 460 (чорсаду шаст) сомонӣ маблағи пулӣ ба фоидаи давлат мусодира карда шудааст.

 

 

Судя Абдуҳамидзода В.А.