Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 19 августи соли 2025 бо моддаи 481 қисми 4 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

С.М.С. рўзи 07 августи соли 2025, маросими оши тӯйи домодию арӯсиро дар тарабхонаи “Мирзоҳабиб” бе шартномаи хизматрасонии тарафайн баргузор намуда, талаботи моддаи 17, қисми 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тибқи он хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, вайрон намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда С.М.С. дар маҷлиси судӣ худашро бо моддаи 481 қисми 4 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор ҳисобида, аз кардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Мувофиқи моддаи 17 қисми 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Аз ин рӯ, судя, ҳангоми интихоби намуд ва андозаи таъин намудани ҷазои маъмурӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда С.М.С., хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молу мулкиаш ва ҳолатҳои сабуккунандаро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда С.М.С. дар доираи санксияи моддаи 481 қисми 4 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима таъин намояд.

Бо қарори суди шаҳри Хуҷанд аз 19.08.2025 сол С.М.С. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба бисту ду ҳазору панҷсад сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд Ќаландарзода Н.А.