Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 02 апрели соли 2025 бо моддаи 90 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуқуқвайронкунанда А.М.О. дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ки дар нигоҳубинӣ ва тарбияи фарзанди ноболиғаш А.Ш.Н. рӯзи таваллудаш 13 майи соли 2009 хонандаи синфи 10 Е муассисаи таълимии давлатии “ Гимназияи № 1”-и ба номи Р.Ҷалили шаҳри Хуҷанд ба таври дахлдор машғул нагардидааст, ки фарзанди ноболиғаш А.Ш.Н. дар давоми чоряки 3 уми соли таҳсили 2024-2025 ба мактаб дар баъзе рӯзҳои дарсҳо нарафтааст, ки ғоиби бесабаб 55 соат -ро ташкил медиҳад.
Дар маҷлиси судӣ ҳуқуқвайронкунанда А.М.О. худро дар содир намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисобида, оид ба ҳамин ҳолат чунин баён намуд, ки фарзанди ноболиғаш А.Ш.Н. рӯзи таваллудаш 13 майи соли 2009 хонандаи синфи 10 Е муассисаи таълимии давлатии “ Гимназияи № 1”-и ба номи Р.Ҷалили шаҳри Хуҷанд ба таври дахлдор машғул нагардидааст, ки фарзанди ноболиҳаш А.Ш.Н. дар давоми чоряки 3 уми соли таҳсили 2024-2025 ба мактаб дар баъзе рӯзҳои дарсҳо нарафтааст, ки ғоиби бесабаб 55 соат-ро ташкил додааст. Ӯ аз беназорат гузоштани фарзандаш сидқан пушаймон шуда, дар оянда ба чунин рафтор роњ намедиҳад. Аз суд хоҳиш кард, ки фарзанди ноболиғ доштанаш ва дигар ҳолатҳои вазъи оилавиашро ба инобат гирифта, нисбати ӯ ҷазои сабук таъин намуданро аз суд хоҳиш кард.
Судя ҳангоми интихоби намуд ва андозаи таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба ҳуқуқвайронкунанда хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, инчунин вазъи молу мулкиаш—ро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки нисбати охирон дар доираи санксияи моддаи 90 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима таъин намояд.
Бинобар ин, бо қарори суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз санаи 02 апрели соли 2025 ҳуқуқвайронкунанда А.М.О. дар содир намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 750 (ҳафтсаду панҷоҳ) сомонї ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.
Судя Махкамзода М.М.