Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 31 июли соли 2025
Даъвогар прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбат ба ҷавобгар А.З.З. оид ба рӯёнидани маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии оби нӯшокӣ ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки ба манфиати КВДК “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби шаҳрванд А.З.З. маблаѓи қарзи хизматрасонии комуналӣ 3141 сомонӣ рӯёнида шавад.
Дар мурофиаи судӣ намояндаи даъвогар прокуратураи шањри Хуљанд талаботи аризаи даъвогиро ба пуррагӣ дастгирӣ намуда, аз суд хоҳиш намудааст, ки ба манфиати КВДК “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби шаҳрванд А.З.З. маблағи қарзи хизматрасонии комуналӣ 3141 сомонӣ рӯёнида шавад.
Дар мурофиаи судӣ ҷавобгар А.З.З. талаботи аризаи даъвогиро ба пурра эътироф намуда, аз суд хоњиш намуд, ки аз ҳисоби ӯ маблағи зарари расонидашуда барои истифодаи оби нӯшокӣ ба манфиати КВДК “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи боқимонда 3141 сомонӣ рӯёнида шавад.
Суд, маводҳои дар парванда ҷамъовардаро мавриди таҳлил қарор ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баёноти тарафҳоро санҷида, ҳамаи ваҷҳу далелҳои пешниҳод намудаи тарафҳоро ба назару эътибор гирифта, ҳолатҳои воқеии парвандаро муқаррар намуда, дар мурофиаи судӣ аз санҷиши маҷмӯи маводҳо ба хулоса омад, ки аризаи даъвогии прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбат ба ҷавобгар А.З.З. оид ба рӯёнидани маблағи зарар, асоснок мебошад.
Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 31.07.2025 сол аризаи даъвогии прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбат ба ҷавобгар А.З.З. оид ба рӯёнидани маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии оби нӯшокӣ, қонеъ карда шудааст. Аз ҳисоби ҷавобгар А.З.З. маблағи қарзи хизматрасонии коммуналӣ ба андозаи 3141 сомонӣ ба манфиати КВДК “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд рӯёнида шуда, боҷи давлатӣ аз ҳисоби ҷавобгар А.З.З. ба андозаи 95 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Судя Муслибиддинзода С.М.
Суди шаҳри Хуҷанд 