Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 29 апрели соли 2025

Даъвогар ҶСК «Бонки Эсхата» ба суд нисбат ба Ҳ.И.И. ва А.В.А. бо аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёнидани кредити бонкӣ муроҷиат намуда, онро чунин асоснок кардааст, ки байни даъвогар ва ҷавобгар Ҳ.И.И. 17 апрели соли 2023 таҳти №02-007-059236 барои гирифтани кредит ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) моҳ ба маблағи 28000 (бисту ҳашт ҳазор) сомонӣ бо ситонидани 28 фоиз солона шартномаи қарӣ баста шуда, ҷавобгар шартҳои шартномаи кредитиро вайрон карда, маблағи қарз ва фоизи онро пардохт накардааст.

Дар асоси шартномаи замонати басташуда таҳти №Z-001-010053 аз 17 апрели соли 2023 ҳамҷавобгар А.В.А. ба қарздор ҳамчун зомин баромад карда, тибқи банди 1.1-и шартномаҳои мазкур онҳо ҷавобгарии муштаракро ба уҳда доштаанд. Даъвогар рӯзи 28 декабри соли 2023 ба унвони ҷавобгар ва ҳамҷавобгар огоҳиномаҳо фиристода, огоҳ кардааст, ки дар сурати пардохт накардани маблағи қарз даъвогар ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат менамояд, лекин новобаста аз ин ҳолат, номбурдагон маблағи қарзро пардохт накардаанд, ки дар натиҷа тибқи банди 6.2-и шартномаи кредитӣ ба маблағи ба таъхирафтодаи кредит ноустуворона ҳисоб карда шудааст. Ҳамин тариқ, ба рӯзи 25 январи соли 2024 маблағи қарзи асосӣ ба маблағи 17341 сомонӣ, фоизи қарз 1332,60 сомонї ва ноустуворона 648 сомониву 66 дирам, ҷамъ 19322 сомониву 26 дирамро ташкил додааст. Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш намудааст, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шуда, аз ҳисоби ҷавобгар Ҳ.И.И. ва ҳамҷавобгар А.В.А. ба фоидаи ҶСК «Бонки Эсхата» ба тариқи муштарак маблағи қарз ба андозаи 19322 сомониву 26 дирам ва боҷи давлатӣ ба маблағи 135,26 сомонӣ рӯёнида шавад.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи ваколатдори даъвогар К.М. аризаи даъвогиро дастгирӣ намуда, ба суд ба мазмуни аризаи даъвогӣ баёнот дода, аз суд хоҳиш кард, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.

Ҷавобгар Ҳ.И.И. ва ҳамҷавобгар А.В.А. аз вақт ва маҳалли баррасии парванда расман хабардор карда шуда, бо сабабҳои ба суд номаълум ба маҷлиси судӣ ҳозир нашуданд.

Бо ба инобат гирифтани талаботи қисми 4 моддаи 170 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд, лозим донист, парвандаро бе иштироки Ҳ.И.И. ва А.В.А. баррасӣ намояд, зеро маводҳои парванда кофӣ мебошанд, ки парванда дар ғоибии онҳо баррасӣ карда шавад.

Суд, баёноти намояндаи ваколатдори даъвогарро шунида, далелҳои дар парвандаи маданӣ ҷамъовардашударо аз рӯи ҷоизӣ, дахлдорӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмуъ баҳо дода, ба хулоса омад, ки аризаи даъвогии ҶСК «Бонки Эсхата» нисбат ба Ҳ.И.И. ва А.В.А. дар бораи рӯёнидани кредити бонкӣ қонеъ карда шавад.

Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 29 апрели соли 2025 аризаи даъвогии ҶСК «Бонки Эсхата» нисбат ба Ҳ.И.И. ва А.В.А. дар бораи рӯёнидани кредити бонкӣ қонеъ карда шуда, аз ҳисоби Ҳ.И.И. ва А.В.А. ба фоидаи ҶСК «Бонки Эсхата» маблағи қарзи асосӣ ба андозаи 17341 сомонӣ, фоизи қарз 1332 сомониву 60 дирам ва ноустуворона 648 сомониву 66 дирам, ҷамъ 19322 сомониву 26 дирам ба тариқи муштарак ва боҷи давлатӣ ба маблағи 135 сомониву 26 дирам рӯёнида шудааст.

 

 

Судя Қосимӣ С.С.