Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 25 апрели соли 2025
Даъвогар С.Б.Ш. ба ҷавобгарии М.М.Ш. оид ба бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда, дар он зикр намудааст, ки бо ҷавобгар М.М.Ш. санаи 26.04.2008 ақди никоҳи худро дар хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, таҳти №404 ба қайди давлатӣ гузоштаанд. Бо ҷавобгар аз зиндагонии якҷояи худ соҳиби 2-нафар фарзанд Ш.М.М., санаи таваллудаш 04.02.2010 сол ва Ш.М.М., санаи таваллудаш 15.01.2011 сол гаштаанд. Аз ибтидои оиладориашон ва зиндагонии якҷоя муносибаташон бинобар мувофиқ наомадани хислатҳояшон бисёри вақт байнашон ҷангу ҷанҷол ба вуқуъ омада, сабабҳои ночиз боиси рух додани нофаҳмиҳои оилавӣ мегаштааст. Ҷавобгар охирон бо ҳар баҳонаҳои ночиз, баҳси оилавиро ба миён оварда, оромии оиларо халалдор сохта, тартиботи хонаводаашро вайрон менамудааст. Ба хотири фарзандҳояш ӯ ба маслиҳатҳои хешу таборону волидонаш, барои вайрон нашудани оиладориаш ҳаракати бисёр менамудааст ва умед доштааст, ки шояд хислатҳои ҷавобгар иваз гардида, ҳаёти оиладориашон ором гардад. Чандин маротиба барои зиндагонии осоишта муносибаташро бо ҷавобгар дигар менамудааст ва ҳаракати барқарор намудани оилаашро мекардааст, аммо муносибати оиладориашон вайрон буда, ҷангу ҷанҷоли оилавиашон тағйир намеёфтааст. Ҳаракатҳои ӯ вобаста барои барқарор намудани муносибати оилавӣ беҳад зиёд будааст, аммо кирдору рафтори ҷавобгар вобаста барои оиладорӣ ва барҷарор намудани оилаашон ягон натиҷаи дилхоҳ, намедодааст ва мутаассифона, кирдори ҷавобгар гувоҳи медодааст, ки ӯ бо вай мақсади идома додани муносибати оилавиро надорад. Аз муносибатҳои ношоями ҷавобгар ба хулоса омадааст, ки барқарор намудани оиладории онҳо ғайриимкон буда, муносибати оиладориашон аллакай пурра вайрон гардидааст. Зеро байнашон иззату, ҳурмат ва меҳру муҳаббати якдигар боқӣ намондааст ва муносибати оиладориашон ояндаи некро надоштааст ва ӯ низ намебинад ва ба хулоса омадааст, ки ақди никоҳашонро тариқи судӣ бекор намояд. Ҷавобгар дар асоси ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 19.10.2018 сол бо ҷавобгарии ҷиноятӣ маҳкум шуда, ӯ муносибаташро бо ҷавобгар бинобар дар тарсу ҳарос қарор доштанаш канда намудааст. Айни ҳол, ӯ муносибаташро аз соли 2018 пурра канда намуда, намехостааст бо ҷавобгар зиндагонии худро идома диҳад. Аз суд хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи ӯ С.Б.Ш. бо ҷавобгар М.М.Ш., ки дар хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз санаи 26.04.2008 сол таҳти № 404 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, бе додани мӯҳлат барои оштишавӣ бекор карда шавад.
Ҷавобгар М.М.Ш. дар хусуси вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда шуда буд, аммо бе сабабҳои узрнок ба суд ҳозир нагашт ва ба суд сабаби ҳозир нашуданашро маълумот надод.
Мутобиқи қисми 4 моддаи 170 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳуқуқ дорад парвандаро ҳангоми ҳозир нашудани ин ё он шахси иштирокчии парванда, ки дар хусуси вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда шудаанд, баррасӣ намояд, агар онҳо оид ба сабабҳои ҳозир нашуданашон маълумот пешниҳод накарда бошанд ё суд сабабҳои ҳозир нашудани онҳоро узрнок эътироф накунад.
Бо ҳамин асосҳо суд лозим шуморид, ки парвандаи оилавии мазкурро бе иштироки ҷавобгар М.М.Ш. баррасӣ намояд.
Намояндаи ваколатдори даъвогар С.Б.Ш.- М.С.О. дар мурофиаи судӣ аризаи даъвогиро бо пуррагӣ дасгирӣ намуда, ба мазмуни аризаи даъвогӣ баёнот дода, илова намуд, ки муносибатҳои оилавии тарафҳо солҳои охир вайрон шудаанд, зеро ҷавобгар М.М.Ш. даъвогарро ҳамчун ҳамсар ҳурмату эҳтиром накарда, бо охирон дағалона рафтор намуда, суханҳои қабеҳ гуфта, ҳуқуқҳои шаҳрвандии охиронро поймол намуда, беасос бо вай ҷангу ҷанҷол мекардааст. Айни ҳол ӯ муносибаташро аз соли 2018 пурра канда намуда, намехостааст бо ҷавобгар зиндагонии худро идома диҳад. Аз суд пурсид, ки ақди никоҳи С.Б.Ш. бо ҷавобгар М.М.Ш., ки дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз санаи 26.04.2008 сол таҳти №404 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, бе додани муҳлат барои оштишавӣ, бекор карда шавад.
Суд, баёноти даъвогар ва намояндаи ҷавобгарро шунида, далелҳои дар парвандаи оилавӣ ҷамъовардашударо аз рӯи ҷоизӣ, дахлдорӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин, басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмуъ баҳо дода, рад кардани даъворо ба мақсад мувофиқ донист.
Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 25.04.2025 сол даъвои С.Б.Ш. ба ҷавобгарии М.М.Ш. оид ба бекор кардани ақди никоҳ, рад карда шудааст.
Судя Абдуҳамидзода В.А.