Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 24 июли соли 2025
Даъвогар Р.А.Р. ба суд бо аризаи даъвогии мазкур муроҷиат намуда, даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки ӯ бо ҷавобгар А.А.А. 17 августи соли 2020 оила барпо карда, ақди никоҳашонро дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд таҳти № №649 ба қайд гирифтаанд. Онҳо аз зиндагонии якҷояашон соҳиби ду нафар фарзанд гардидаанд. Дар давоми зиндагии якҷояаашон ҷавобгар нисбати ӯ ҳамчун ҳамсараш муносибати бепарвоёна намуда, иззату эҳтиром намекардааст. Ӯ ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҷавобгарро то ин вақт доимо мебахшидааст ва сабр мекардааст. Айни ҳол, онҳо якҷоя зиндагӣ накарда, хоҷагии умумӣ намебаранд. Ӯ баъди ҷудо шуданаш бо ҷавобгар бо ду нафар фарзандаш дар манзили истиқоматии модараш зиндагонӣ доштааст. Тӯли ин вақт ҷавобгар ягон маротиба фарзандонашро аз ҷиҳати моддӣ низ умуман таъмин накардааст. Даъвогар ба хотири он, ки фарзандонаш бе падар калон нашаванд ҷавобгар А.А.А. доимо то ин вақт мебахшидааст. Айни ҳол бошад ба хулосаи қатъи омадааст, ки баъди он, ки ӯ ҳамаи кӯшишҳои нигоҳ доштани оиларо кардааст, аммо ҷавобгар ба ҳамаи кӯшишҳои ӯ нигоҳ накарда, доимо ҷангу ҷанҷол менамудааст, ки дар натиҷа никоҳи қонуниашон воқеан ва пурра барҳам хӯрдааст. Айни ҳол, байнашон иззату эҳтиром, меҳру муҳаббат, якдигарфаҳмии дутарафа ва боварӣ дер боз аст, ки пурра аз байн рафтааст. Ҳамин тариқ, ҳолатҳои дар боло оварда шуда шаҳодат медиҳанд, ки оилаи онҳо пурра барҳам хӯрдаасту имконияти барқарор намудани он мавҷуд нест, зеро ки ҳардуяшон хоҳиши инро надоранд. Аз суд хоҳиш кардааст, ки ақди никоҳи байни ӯ ва ҷавобгар А.А.А., ки 17 августи соли 2020 ақди никоҳашон дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд таҳти №649 ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлати оштишавӣ, бекор карда шавад.
Намояндаи ваколатдори даъвогар Р.А.Р.-А.С.С. дар муҳокимаи судӣ аризаи даъвогии даъвогарро дастгирӣ намуда, ба монанди аризаи даъвогӣ баёнот дода, аз суд хоҳиш кард, ки даъво қонеъ карда шавад.
Намояндаи ваколатдори ҷавобгар А.А.А.-Ф.Б.А. дар муҳокимаи судӣ аризаи даъвогии даъвогарро эътироф карда аз суд хоҳиш кард, ки даъво қонеъ карда шавад.
Суд, далелҳои парвандаро омӯхта, баёноти тарафҳоро шунида, далелҳои оид ба парвандаи мазкур ҷамъовардашударо таҳлил намуда, ба хулосаи омад, ки даъворо рад намояд, зеро дар муокимаи судӣ ҳолатҳое, ки зиндагонии минбаъдаи якҷояи Р.А.Р. ва А.А.А. ҳамчун зану шавҳар ғайриимкон буда, нигоҳ доштани оилаи онҳо имконнопазир гардида бошад, муайян карда нашудааст.
Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 24.07.2025 сол аризаи даъвогии даъвогар Р.А.Р. ба ҷавобгарии А.А.А. оид ба бекор кардани ақди никоҳ, рад карда шудааст.
Судя Мусољонзода У.М.
Суди шаҳри Хуҷанд 