Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 19 марти соли 2025
Даъвогар Маҳмудзода Ҳ.Н. ба ҷавобгарии Алиҷонзода М.М. оид ба бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда, даъвои худро бо он асоснок кардааст, ки ӯ ва ҷавобгар 05 марти соли 2013 бо расмӣ кардани ақди никоҳ оиладор шуда, аз ҳаёти якҷоя соҳиби як нафар фарзанд бо ному насаби М.М., санаи таваллудаш 08 ноябри соли 2017 гардидаанд.
Сабаби ба суд бо чунин даъво муроҷиат карданаш дар он будааст, ки аз ибтидои зисти якҷоя муносибати ӯ ва ҷавобгар байни ҳамдигар хуб набуда, байнашон ҷангу ҷанҷолҳо ҷой доштаанд. Ҷавобгар дар ягон ҷой кор накарда, мунтазам аз ӯ маблағи пулӣ талаб мекардааст. Сараввал ӯ ба гуфтаҳои ҷавобгар бовар карда, ҳамаи амволҳои шахсиашро фурӯхта маблағҳояшро ба ҷавобгар додааст, лекин баъдан мушоҳида кардааст, ки ҷавобгар кирдорҳои худро тағйир надода, боз маблағи пулӣ талаб карда истода, дар сурати маблағ надоштанаш ӯро мавриди лату кӯб қарор медодааст. Ӯ ба хотири фарзанди муштарак ба рафторҳои ҷавобгар тоқат карда, номбурдаро мебахшидааст, лекин ҷавобгар ин амалҳои ӯро қадр накарда, хислати худро тағйир надодааст. Ҳолати мазкур боиси он гардидааст, ки ӯ ва ҷавобгар аз соли 2021 инҷониб дар алоҳидагӣ истиқомат дошта, муносибатҳои оилавиашон қатъ гардидаанд. Бар замми ин ӯ огоҳ шудааст, ки моҳи сентябри соли 2024 ҷавобгар бо Мунаввар ном зан оиладор шуда, якҷоя 22 р=з истиыомат кардааст. Бинобар ин ба хулоса омадааст, ки ба суд бо аризаи даъвогц оид ба бекор кардани аыди никоь мурожиат намояд. Дар асоси гуфтаьояш аз суд хоьиш кардааст, ки аризаи даъвогиаш ыонеъ карда шуда, аыди никоьи = ва жавобгар бе додани муьлат барои оштишавц бекор карда шавад.
Дар мурофиаи судӣ намояндаи ваколатдори даъвогар Маҳмудзода Ҳ.Н.–Олимов Р.Д. талаботи аризаи даъвогиро дастгирц карда, ба суд баён дод, ки хислатҳои даъвогар ва ҷавобгар бо ҳам мувофиқ наомада, бо ин сабаб байнашон мунтазам ҷангу ҷанҷол ба миён меомадааст. Аз соли 2021 инҷониб тарафҳо дар алоҳидагӣ истиқомат карда, нисбат ба ҳамдигар бегона шудаанд. Имконияти барқарор кардани оилаи даъвогар ва ҷавобгар мавҷуд набудааст, зеро даъвогар қатъиян мақсади бекор кардани ақди никоҳро доштааст. Бинобар ин аз суд хоҳиш кард, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.
Дар мурофиаи судӣ ҷавобгар Алиҷонзода М.М. талаботи аризаи даъвогиро эътироф накарда, ба суд баён кард, ки муносибатҳои оилавии ӯ ва даъвогар наонқадар бад буда, онҳо мунтазам вомехӯрдаанд, лекин фарзандони даъвогар аз никоҳи аввалаш муносибатҳои оилавии онҳоро вайрон карда истодаанд. Фарзандони калонии даъвогар нагузошта истодаанд, ки номбурда бо ӯ якҷоя истиқомат кунад. Бинобар ин аз суд хоҳиш кард, ки аризаи даъвогӣ дар асоси қонун ҳал карда шавад.
Суд, баёноти намояндаи ваколатдори даъвогар ва ҷавобгарро шунида, далелҳои дар парвандаи оилавӣ ҷамъовардашударо аз рӯи ҷоизӣ, дахлдорӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмӯъ баҳо дода, рад кардани даъворо ба мақсад мувофиқ донист.
Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 19.03.2025 сол даъвои Маҳмудзода Ҳ.Н. ба љавобгарии Алиҷонзода М.М. оид ба бекор кардани ақди никоҳ, рад карда шудааст.
Судя Қосимӣ С.С.