Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 19 марти соли 2025

Даъвогар Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманҷул” дар шаҳри Хуҷанд нисбати К.Р.М. ба суд муроҷиат намуда, бо назардошти аз санаи 07 ноябри соли 2020 таҳти №708 оид ба додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ҷавобгар К.Р.М. минбаъд ба қайд гирифтани қарор дар КДФ “БММҒ”  таҳти №20907 аз 10.08.2023 сол ва дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №221 аз 30.04.2024 сол бо назардошти эътирози Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор шудани қарори мазкур, аз суд пурсидааст, ки сабт дар варақаи бақайдгирӣ таҳти №59-005-001603, ки дар барномаи системаи худкорӣ бақайдгирии Тоҷикистон (СХБТ) ба ҷавобгар К.Р.М. қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон аз ҳисоби заминҳои шаҳр, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 14-15 ба масоҳати умумии 600,02м2 бақайдгирии давлатӣ гузаронида шудааст, бекор карда шавад.

Намояндаи даъвогар Ч.М. дар рафти мурофиаи судӣ аризаи даъвогиро ҷонибдорӣ намуда, аз суд пурсидааст, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.

Ҷавобгар К.Р.М. дар рафти мурофиаи судӣ тариқи аризаи хаттӣ оиди эътирофи даъво манзур намуда, аризаи даъвогиро пурра эътироф намуда, хоҳиш намуд, ки талаби даъво қонеъ карда шавад.

Аз ин рӯ, ҳолатҳои ҷойдоштаро ба инобат гирифта, суд ба хулоса омад, ки даъвои Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷандро қонеъ карда шавад.

Дар натиҷа, бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 19 марти соли 2025 ариза оид ба эътироф намудани даъво, аз ҷониби ҷавобгар К.Р.М. қабул карда шуда, даъвои КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд нисбати К.Р.М. дар бораи бекор кардани сабтҳо дар варақаи бақайдгирӣ қонеъ гардид.

 

Судя Раҳимзод С.К.