Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 18 июни соли 2025
Прокурори шаҳри Хуҷанд ба манфиати КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷавобгарии Д.Р. оиди рӯёнидани маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии коммуналӣ оид ба баровардани партов бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки аз ҳисоби ҷавобгар Д.Р. ба фоидаи давлат дар шахсияти КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд маблағи қарзи хизматрасонии коммуналӣ ба андозаи 4976 сомонӣ рӯёнида шавад. Инчунин, боҷи давлатӣ аз ҳисоби ҷавобгар Д.Р. ба фоидаи давлат рӯёнида шавад.
Намояндаи ваколатдори даъвогар ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд дар муҳокимаи судӣ талаботи даъворо дастгирӣ намуда, айнан ба мазмуни аризаи даъвогӣ баёнот дода, хоҳиш намуд, ки даъво қонеъ карда шавад.
Ҷавобгар Д.Р. дар маҷлиси сайёри судӣ аризаи даъвогиро қисман эътироф намуда, аз суд хоҳиш кард, ки маблағи қарзи хизматрасонии коммуналӣ барои баровардани партов бо назардошти аъзоёни оилааш кам карда шавад.
Суд, маводи парвандаро омӯхта, баёнотҳои тарафҳоро шунида, далелҳои дар парвандаи маданӣ ҷамъовардашударо аз рўи ҷоизӣ, дахлдорӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмуъ баҳо дода, ба хулоса омад, ки аз ҳисоби Д.Р. ба фоидаи давлат дар шахсияти КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд маблағи хизматрасонии коммуналиро қисман ба андозаи 4296 сомонию 70 дирам, рўёнад.
Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 18.06.20205 сол даъвои прокурори шаҳри Хуҷанд ба манфиати КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷавобгарии Д.Р. оиди рӯёнидани маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии коммуналӣ оид ба баровардани партов, қисман қонеъ карда шуда, аз ҳисоби Д.Р. ба фоидаи давлат дар шахсияти КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд маблағи хизматрасонии коммуналӣ барои баровардани партов ба андозаи 4296 сомонию 70 дирам, рӯёнида шудааст.
Талаби даъво дар қисми боқимонда маблағи хизматрасонии партов ба андозаи 679 сомонию 30 дирам, рад карда шуда, аз ҳисоби Д.Р. ба фоидаи давлат боҷи давлатӣ ба маблағи 85 сомонию 93 дирам, рӯёнида шудааст.
Судя Қаландарзода М.С.