Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 17 марти соли 2025

Даъвогар прокурори шањри Хуљанд ба манфиати Корхонаи воњиди давлатии коммуналии «Хуљандобуканал»-и шањри Хуљанд ба суд нисбат ба Х.Ш.С. бо аризаи даъвогӣ оид ба ситонидани маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии оби нӯшокӣ муроҷиат намуда, онро чунин асоснок кардааст, ки тибқи муроҷиати Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати мусоидат кардан барои ситонидани маблағи истифодаи оби нӯшокӣ муайян карда шудааст, ки шањрванд Х.Ш.С. дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 3, бинои 101, ҳуҷраи 17, бо али оилааш истиқомат намуда, оби нӯшокиро истифода карда, аз пардохти маблағи он саркашӣ намуда истодааст. Номбурда аз пардохтани маблағи истифодаи оби нӯшокӣ ба манфиати корхонаи болозикршуда даст кашида, ихтиёран иҷро намудани уҳдадориҳои мадании худро рад намуда, бо ин амалаш ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд зарари моддӣ расонида истодааст.

Гарчанде аз тарафи масъулини Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Х.Ш.С. оиди пардохти қарзи ҳаққи оби нӯшокӣ ба рӯзи  25 декабри соли 2024 ба андозаи 2022 сомонӣ огоҳ карда шуда бошад ҳам, вале бо сабабҳои номаълум аз тарафи ӯ қарзи ҷойдошта пардохт карда нашудааст. Бо назардошти он, ки Х.Ш.С. уҳдадориҳои худро дар назди давлат ба иҷро нарасонидааст, ки ин амалаш ба фаъолияти корхона ва сари вақт иҷро накардани уҳдадориҳояш, аз ҷумла ба ҳолати пардохт намудани андозҳо, музди меҳнат ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои обрасонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Корхонаи мазкур дар асоси Оиннома бо таъмин намудани оби нӯшокӣ ва хизматрасонии рафъи партов машғул мебошад, ки дар асоси моддаи 488 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеъмолкунандагон сокинони шаҳри Хуҷанд, идораву ташкилоту муассисаҳои гуногун, ки истифодабарандагони хизматрасонии КВДК “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд буда, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурдааст, ба тариқи бастани шартномаи оммавӣ хизмат мерасонидааст. Нархнома хизматрасонии КВДК “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд бо Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мувофиқа карда шуда, ҳаққи хизматрасонии истифодаи оби нӯшокӣ барои 1м3 ба андозаи 1,10 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

КВДК “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд хизматрасонии худро пурра ба роҳ монда, ҷавобгар аз пардохти маблағи хизматрасонӣ саркашӣ намудааст. Аз ин лиҳоз аз суд пурсидааст, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шуда, аз ҳисоби ҷавобгар Х.Ш.С. 2022 сомонӣ маблағи қарзи хизматрасонии коммуналӣ ситонида шавад.

Намояндаи даъвогар Д.Ҷ.М. дар рафти мурофиаи судӣ аризаи даъвогиро ҷонибдорӣ намуда, аз суд пурсид, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шуда, маблағи қарз аз ҳисоби ҷавобгар дар ҳаҷми пурра ситонида шавад.

Ҷавобгар Х.Ш.С. аризаи даъвогиро эътироф намуда, аз ин рӯ, аз суд хоҳиш намуд, ки ба ӯ барои қисм ба қисм супоридан муҳлат дода шавад.

Суд, маводҳои парвандаро омӯхта, баёноти намояндаи даъвогар, баёноти ҷавобгарро шунида, далелҳои дар парвандаи маданӣ ҷамъовардашударо аз рӯи ҷоизӣ, дахлдорӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмӯъ баҳо дода, ба хулоса омад, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.

Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 17 марти соли 2025 аз ҳисоби ҷавобгар Х.Ш.С. ба фоидаи Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-и шаҳри Хуҷанд маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии оби нӯшокӣ ба андозаи як ҳазору яксаду шасту чор сомонӣ ва маблағи боҷи давлатӣ ба андозаи сию чор сомонию наваду ду дирам ситонида шудааст.

Судя Аҳмадзода М.А.