Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 09 апрели соли 2025

Даъвогар М.Н.М. ба ҷавобгарии А.Н.Н. оид ба бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда, даъвои худро бо он асоснок кардааст, ки дар никоҳи якҷояашон онҳо соҳиби фарзанд нагардидаанд. Онҳо ҳамагӣ бо ҷавобгар А.Н.Н. ҳамагӣ се моҳ зиндагӣ кардаанд. Дар давоми зиндагии якҷояашон ҷавобгар А.Н.Н. нисбати ӯ ҳамчун ҳамсараш муносибати бепарвоёна намуда, эҳтиром намекардааст, дар давоми се моҳи зиндагиашон доимо байнашон ҷангу ҷанҷолҳо ва нофаҳмиҳо ба вуҷуд меомадааст. Ҷавобгар А.Н.Н. доимо бо гуфти аъзоёни оилааш амал менамудааст. Ӯ ба хотири он, ки муносибаташон барқарор гардад то ин вақт кӯшиш менамудааст, ки муносибати оилавиашонро барқарор намояд. Аммо айни ҳол тӯли зиёда аз се сол будааст, ки муносибати оилавиашон пурра қатъ гардидааст. Аз соли 2022 то инҷониб онҳо бо ҷавобгар А.Н.Н. умуман якҷоя зиндагӣ намекардаанд ва хоҷагии умумӣ намебурдаанд. Баъди ҷангу ҷанҷолҳои зиёд ҳанӯз соли 2022 ҷавобгар АН.Н. бо хоҳиши худаш амволҳои шахсии худро гирифта, аз манзили истиқоматии ӯ ба хонаи волидайнаш баромада рафта будааст. Айни ҳол ӯ ба хулосаи қатъӣ омадааст, ки баъди он, ки ӯ ҳамаи кӯшишҳои нигоҳ доштани оиларо кардааст, лекин ҷавобгар А.Н.Н. бо хислати худ ба ӯ маълум намудааст, ки хулқу рафтори онҳо ба якдигар мувофиқ набудааст ва нисбати ӯ доимо бепарвоёна муносибат мекардааст, доимо ҷангу ҷанҷол менамудааст, бо гуфти волидайнаш амал менамудааст, никоҳи қонуниашон воқеан барҳам хӯрдааст. Айни ҳол байнашон иззату эҳтиром, якдигарфаҳмии дутарафа ва боварӣ пурра аз байн рафтааст. Ҳамин тариқ, ҳолатҳои дар боло оварда шаҳодат медодааст, ки оилаи онҳо бо ҷавобгар А.Н.Н. барҳам хӯрдаасту имконияти барқарор намудани он мавҷуд набудааст, зеро ки онҳо ҳарду хоҳиши онро надоштаанд. Бинобар ҳамин, муҳлате, ки қонунгузор барои оштӣ кардани тарафҳо пешбинӣ кардааст, бо асоси дар боло зикршуда ба онҳо ягон натиҷаи дилхоҳ оварда намерасонидааст. Ӯ бо мақсади бекор кардани ақди никоҳашон ба Бахши САҲШ-и шаҳри Хуҷанд бо ариза муроҷиат карда будааст. Мутаассифона, аризаи ӯ тибқи мактуби Бахши САҲШ-и шаҳри Хуҷанд рад карда шуда, тавсия дода шудааст, ки ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд. Байни ӯ ва ҷавобгар А.Н.Н. оиди молу мулк баҳс мавҷуд набудааст. Дар асоси гуфтаҳои болоӣ, аз суд хоҳиш кардааст, ки ақди никоҳи қонунии ӯ бо ҷавобгар А.Н.Н., ки дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд таҳти №1383 аз санаи 06 ноябри соли 2021 ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлат барои оштишавӣ бекор карда шавад.

Дар маҷлиси судӣ даъвогар М.Н.М. талаботи даъворо дастгирї намуда, ба монанди аризаи даъвогӣ баёнот дода, аз суд хоҳиш намуд, ки талаботи даъвояш қонеъ карда шуда, ақди никоҳашон бекор карда шавад.

Ҷавобгар А.Н.Н. дар хусуси вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда шуда буд, аммо бе сабабҳои узрнок ба суд ҳозир нагашт ва ба суд сабаби ҳозир нашуданашро ба суд маълумот надод.

Мутобиқи қисми 4 моддаи 170 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳуқуқ дорад парвандаро ҳангоми ҳозир нашудани ин ё он шахси иштирокчии парванда, ки дар хусуси вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда шудаанд, баррасӣ намояд, агар онҳо оид ба сабабҳои ҳозир нашуданашон маълумот пешниҳод накарда бошанд ё суд сабабҳои ҳозир нашудани онҳоро узрнок эътироф накунад.

Бо ҳамин асосҳо, суд, лозим шуморид, ки парвандаи оилавии мазкурро бе иштироки ҷавобгар А.Н.Н. баррасӣ намояд.

Суд, баёноти даъвогарро шунида, далелҳои дар парвандаи оилавӣ ҷамъовардашударо аз рӯи ҷоизӣ, дахлдорӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмуъ баҳо дода, рад кардани даъворо ба мақсад мувофиқ донист.

Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 09.04.2025 сол даъвои М.Н.М. ба љавобгарии А.Н.Н. оид ба бекор кардани ақди никоҳ, рад карда шудааст.

 

Судя Иброҳимзода Н.А.