Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 08 июли соли 2025
Даъвогар А.И.М. бо даъвои дар боло қайдшуда ба суд муроҷиат карда, қайд намудааст, ки ақди никоҳи байни ӯ ва ҷавобгар Н.С.М., доштани фарзанд, дар давраи заношавҳарӣ ба даст овардани манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 8, назди хонаи 88, вайрон шудани муносибати оилавӣ аз суд хоҳиш кардааст, ки манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8, назди хонаи 88, моликияти муштараки зану шавҳар эътироф карда шуда, байни ӯ ва ҷавобгар ба тариқи ҳиссагӣ тақсим карда шуда, ҳиссаи манзили истиқоматӣ ба ихтиёрдории ӯ дода шуда, боҷи давлатӣ аз ҳисоби ҷавобгар рӯёнида шавад.
Даъвогар А.И.М. дар маҷлиси судӣ даъворо ҷонибдорӣ карда, ба мазмуни ариза монанд баёнот дода, аз суд хоҳиш намуд, ки талаби даъво қонеъ карда шуда, моликияти муштарак иборат аз манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаӣри Хуҷанд, маҳаллаи 8, назди хонаи 88, моликияти зану шавҳар эътироф карда шуда, аз як ду ҳиссаи манзили истиқоматӣ ба соҳиби ва ихтиёрдории ӯ дода шавад. Инчунин, боҷи давлатӣ аз ҳисоби Н.С.М. ба манфиати ӯ ситонида шавад.
Ҷавобгар Н.С.М. дар мурофиаи судӣ даъворо эътироф карда, изҳори норозигӣ манзур намуда, аз суд хоҳиш намудааст, ки нисфи манзили истиқоматӣ, ки дар давраи заношӯӣ ба даст овардаанд, ба ному насаби фарзандаш гузаронида, тасдиқ карда шавад.
Суд, маводҳои парвандаро омӯхта, баёноти тарафҳо ва хулосаи прокурор, ки қонеъ кардани даъворо пурсид, шунида, ба чунин хулоса омад.
Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 08.07.2025 сол даъво қонеъ карда шудааст.
Моликияти муштарак иборат аз манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8, назди хонаи 88, байни А.И.М. ва Н.С.М. эътироф гардида, ба тариқи зайл тақсим карда шудааст:
Аз ду як (2/1) ҳиссаи манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8, назди хонаи 88, моликияти даъвогар А.И.М. ва аз ду як (2/1) ҳиссаи манзили истиқоматии мазкур моликияти Н.С.М. эътироф ва тақсим карда шавад.
Ҳиссаи А.И.М. ба соҳибӣ ва ихтиёрдории охирон дода шавад.
Аз ҳисоби Н.С.М. маблағи боҷи давлатӣ ба андозаи ду ҳазор сомонӣ ба манфиати А.И.М. ситонида шудааст.
Судя Раҳимзод С.К.