Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 06 майи соли 2025

Даъвогар З.Н.М. ба ҷавобгарии З.А.О. оид ба бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда, даъвои худро бо он асоснок кардааст, ки тарафҳо рӯзи 12 августи соли 2019 оиладор шуда, ақди никоҳашонро таҳти №765 дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ба қайди давлатӣ гирифта, аз зиндагонии якҷоя соҳиби ду нафар фарзанд: А.А.З, рўзи таваллудаш 19 июни соли 2021 ва А.А.З., рўзи таваллудаш 16 октябри соли 2022 гардидаанд. Бо назардошти қатъ шудани муносибати оилавӣ, пурра барҳам хӯрдани оила ва имконнопазирии барқарор намудани оилаашон, аз суд хоҳиш намудааст, ки талаби даъвояш қонеъ карда шуда, ақди никоҳашон, ки рӯзи 12 августи соли 2019 дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд таҳти №765 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, бе додани мӯҳлат барои оштишавӣ бекор карда шавад.
Дар маҷлиси судӣ даъвогар З.Н.М. талаботи даъворо дастгирї намуда, ба монанди аризаи даъвогӣ баёнот дода, аз суд хоҳиш намуд, ки талаботи даъвояш қонеъ карда шуда, ақди никоҳашон бекор карда шавад.
Ҷавобгар З.А.О. дар маҷлиси судӣ аризаи даъвогиро эътироф накарда, аз суд хоҳиш намуд, ки талаботи даъво рад карда шуда, ақди никоҳашон бекор карда нашавад.
Суд, баёноти даъвогар ва ҷавобгарро шунида, далелҳои дар парвандаи оилавӣ ҷамъовардашударо аз рӯи ҷоизӣ, дахлдорӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмӯъ баҳо дода, рад кардани даъворо ба мақсад мувофиқ донист.
Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 06.05.2025 сол даъвои З.Н.М ба љавобгарии З.А.О. оид ба бекор кардани ақди никоҳ, рад карда шудааст.

Судя Аҳмадзода М.А.