Адолати судӣ бояд барқарор бошад

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлилу баррасии фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат дар соли сипаришудаи 2022-юм ба мақомоти судии кишвар низ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, гуфтанд: “Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмилдода шавад”.

Ба андешаи инҷониб ин дастури саривақтист, зеро, аз таҷрибаи кории ҳаррӯза-баррасии парвандаҳову баргузории мурофиаҳои судӣ ба хубӣ эҳсос мешавад, ки дар ҷомеаи навини Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятӣ рӯз ба рӯз инкишоф ёфта, воқеан ҳам зарурати такмилу таҳкими кафолати судии субъектҳо ба миён омадааст.

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии мамлакат дастур доданд: “Оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд”.

Бобати ин дастури Роҳбари олимақоми давлат, хусусан дуруст ҷобаҷогузории кадрҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки он дастури сартақтист, зеро, фаъолияти муназзам ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат аз ҷумла, мақомоти судӣ низ аз сатҳи тахассуси судяҳо алоқамандии зиёд дорад, то ин ки судя вақти баровардаи ҳукм адолатро риоя кунад, аниқтараш ҳукмаш одилона сатҳу сифати дониши ҳуқуқиаш бояд ҷавобгӯ ба талабот меъёрҳои амалкунанда бошад.

Биноан, дар суди шаҳрӣ мо мекӯшем, ки саводнокии пеш аз ҳама, судяҳо дар сатҳи зарурӣ бошад. Новобаста аз oн ки ҳар яки мо маълумоти олии ҳуқуқӣ дорем, мунтазам дар семинарҳои омӯзишӣ иштирок намуда, аз қарору қонунҳои нав қабулмешуда саривақт бохабар мешавем ва онро да таҷрибаи кориамон истифода мебарем. Хусусан, ба ҷавонони навкор, ки дар фаъолияти мақомоти судӣ навкоранд, судяҳои собиқадору соҳибтаҷрибаро вобаста кардаем, ки назарияи омӯхтаашонро тариқи усули “устоду шогирд дар амалия татбиқ намоянд.

Дар ниҳоят, тибқи дастури Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз аз 1-ум марти соли 2023 афзун кардани музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарб 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз моро ҳам хурсанд кард. Ин далели раднопазири таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва пуштибонии Пешвои муаззами миллат нисбат ба мақомоти судӣ аст.

Мо, кормандони мақомоти судӣ дар татбиқи ҳамин дастуру супоришҳои Роҳбари олимақоми давлат ҳамеша кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

ҲОҶИЗОДА МИРЗОШАРИФ

МИРЗОРАҲМАТ

Раиси суди шаҳри Хуҷанд