А Х Б О Р О Т оиди иҷрои супориши Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷашнгирии Рўзи Модар

Санаи 6 марти соли равон бахшида ба Рӯзи модарон бо ибтикори роҳбарияти суди шаҳри Хуҷанд дар толори ҳамин суд бо иштироки тамоми кормандон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, ба ин чорабинии идона собиқадорони меҳнат, бонувоне ки солҳои пеш дар вазифаи Раисии суди шањри Хуљанд адои хизмат кардаанд — Холиқова Ш.И., Раҳматуллозода М.Р. ва Латифзода М.Л. даъват карда шуданд.
Дар ин чорабинии ҷашнӣ Роҳбарияти суд ҳамаи бонувонро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, бењтарин таманниётҳоро нисбаташон арз намуданд ва баҳри хотирмонии маъракаи идона онҳоро бо туҳфаҳои шоиста қадрдонӣ намуданд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси роҳбарияти суд дар ин ҷаласаи идона 8 нафар бонувони собиқадоре, ки солҳои тўлонӣ дар суди шаҳри Хуҷанд адои хизмат намуда истодаанд, қадрдонӣ гардонидашуда ба онҳо барои хизмати содиқона ва фаъолияти пурсамар бо Фармоши Раиси суди шаҳри Хуҷанд таҳти №6 аз 6 марти соли 2020 “Раҳматнома” эълон карда шуд.