Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 11 августи соли 2025

Даъвогар М.А.М. нисбат ба љавобгар С.М.М. оид ба бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки ақди никоҳи байни ӯ-М.А.М. ва ҷавобгар С.М.М., ки санаи 07 июни соли 2011 дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд таҳти №512 ба қайд гирифта шудааст, бидуни додани муҳлати оштишавӣ бекор карда шавад.

Дар мурофиаи судӣ даъвогар М.А.М. даъворо дастгирӣ карда, чунин баёнот дод, ки ӯ бо ҷавобгар С.М.М. аз санаи санаи 07 июни соли 2011 оиладор шуда, ақди никоҳашонро дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд таҳти №512 ба қайди давлатӣ гирифтанд. Аз зиндагии якҷоя бо ҷавобгар соҳиби ду нафар фарзанд шуданд. Ӯ ва ҷавобгар С.М.М. дар хонаашон якҷоя зиндагонӣ доштанд. Айни замон, муносибати онҳо вайрон шудааст ва онҳо дигар якҷоя зиндагонӣ намекардаанд. Бо ӯ ҷавобгар С.М.М. дигар маъқул набудааст. Айни замон, байни ӯ ва ҷавобгар муносибати зану шавҳарӣ дида намешавад, зеро муносибати оилавии онҳо пурра барҳам хӯрдааст. Бинобар ин, аз суд хоҳиш кардааст, ки ақди никоҳи байни ӯ ва ҷавобгар С.М.М., ки санаи 07 июни соли 2011 дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд таҳти №512 ба қайд гирифта шудааст, бидуни додани муҳлати оштишавӣ бекор карда шавад.

Суд, маводҳои дар парванда ҷамъовардаро мавриди таҳлил қарор ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баёноти тарафҳоро санҷида, ҳамаи ваҷҳу далелҳои пешниҳод намудаи тарафҳоро ба назару эътибор гирифта, ҳолатҳои воқеии парвандаро муқаррар намуда, ба чунин хулоса омад.

Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 11.08.2025 сол даъвои М.А.М. ба ҷавобгарии С.М.М. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ рад карда шудааст.

 

Судя Муслибиддинзода С.М.