Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 13 августи соли 2025
Даъвогар прокурори шаҳри Хуҷанд ба манфиати КВДК «Хуҷандобуканал» дар шаҳри Хуҷанд» нисбат ба С.Н.Н. оид ба рӯёнидани маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии оби нӯшокӣ муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки аз ҳисоби ҷавобгар С.Н.Н. 2146 сомонӣ маблағи қарзи хизматрасонии коммуналӣ рӯёнида шавад.
Дар маҷлиси судӣ даъвогар дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Давлатзода Ҷ. аризаи даъвогии пешниҳоднамудаашро пурра дастгирӣ карда, аз суд хоҳиш кард, бинобар аз тарафи ҷавобгар пурра пардохт карда шудани маблағи қарзии хизматрасонии коммуналӣ парванда дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шавад.
Дар маҷлиси судӣ даъвогар дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Давлатзода Ҷ. ба суд бо ариза оид ба даст кашидан аз даъво пешниҳод намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки аз даъво даст кашидани ӯ аз ҷониби суд қабул карда шуда, парвандаи маданӣ бо даъвои прокурори шаҳри Хуҷанд ба манфиати КВДК «Хуҷандобуканал» дар шаҳри Хуҷанд» нисбат ба С.Н.Н. оид ба рӯёнидани маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии оби нӯшокӣ дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шавад.
Дар маҷлиси судӣ ҷавобгар С.Н.Н. низ аз даъво даст кашидани намояндаи ваколатдори даъвогарро дастгирӣ намуда, аз суд хоҳиш кард, ки аз даъво даст кашидани намояндаи ваколатдори даъвогар аз ҷониби суд қабул карда шуда, парвандаи маданӣ дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шавад.
Суд, маводи дар парвандаи маданӣ мавҷудбударо омӯхта, фикри тарафҳоро вобаста ба аризаи даъвогарон шунида, ба чунин хулоса омад, ки асоси аз тарафи суд қабул накардани ариза оид ба аз даъво даст кашидани намояндаи ваколатдори даъвогар, аз тарафи суд вуҷуд надорад. Аз даъво даст кашидани намояндаи ваколатдори даъвогар, хилофи қонун набуда, майл ва иродаашонро дар он изҳор кардаанд.
Бо таъиноти маҷлиси суди шаҳри Хуҷанд аз 13 августи соли 2025 аз даъво даст кашидани намояндаи ваколатдори даъвогар Давлатзода Ҷ. аз тарафи суд қабул карда шуда, баррасии парвандаи маданї бо даъвои прокурори шаҳри Хуҷанд ба манфиати КВДК «Хуҷандобуканал» дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба С.Н.Н. оид ба рӯёнидани маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии оби нӯшокӣ бинобар аз даъво даст кашидани намояндаи ваколатдори даъвогар қатъ карда шудааст.
Судя Мусоҷонзода У.М.