Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 08 августи соли 2025

Даъвогар М.А.В. бо даъвои дар боло қайдшуда ба суд муроҷиат карда, онро чунин асоснок кардааст, ки тибқи маълумотномаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд таҳти №1/4-4218(4) аз санаи 17 июни соли 2025 манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Содирхон Ҳофиз, хонаи №77 ба ҷавобгар М.Н.С. дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 06 марти соли 2006 тати №183 ҳамчун соҳибмулк тааллуқ доштааст. Ӯ бо ҳамҷавобгар Н.Р.С. оила барпо намуда, ақди никоҳашонро дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз санаи 01 октябри соли 2018 ба қайд гирифтаанд. Дар зиндагии якҷояашон соҳиби ду нафар фарзанд гардидаанд. Айни ҳол, ӯ бо ҷавобгар Н.Р.С., муносибаташон пурра вайрон буда, онҳо умуман якҷоя зиндагӣ накарда, хоҷагии умумӣ пеш намебурдаанд. Аз санаи 12 июни соли 2025 ӯ дигар ба муносибати ҷавобгарон тоқат накарда, бо ду нафар кӯдаконаш ба манзили истиқоматии падар рафта, дар шароити вазнини манзили истиқоматӣ зиндагӣ карда истода будааст. Айни ҳол, ӯ дигар имконияти ҳимояи ҳуқуқҳои манзилии худ ва кӯдаконашро оиди таъмин бо манзили истиқоматӣ ба ғайр аз тариқи судӣ надоштааст. Аз суд хоҳиш кардааст, ки ӯ бо ҳамроҳии ду нафар фарзандони ноболиғаш ҳамчун аъзои оилаи соҳибмулк М.Н.С. эътироф карда шаванд.

Ӯ бо ҳамроҳии ду нафар фарзандони ноболиғаш ба манзили истиқоматии ҷавобгар М.Н.С.,  воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Содирхон Ҳофиз, ҳавлии №77, ба як хуҷраи истиқоматӣ аз дари даромад ба самти боло таҳти литери 2А1/к ба масоҳати 24,40 м2 бо истифобарии иншоотҳои ёрирасон маскун карда шаванд.

Даъвогар М.А.В. аризаи даъвогии манзурнамудаи худро дастгирӣ намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогиаш қонеъ карда шавад.

Суд, маводҳои дар парванда ҷамъовардаро мавриди таҳлил қарор ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баёноти тарафҳоро санҷида, ҳамаи ваҷҳу далелҳои пешниҳод намудаи тарафҳоро ба назару эътибор гирифта, ҳолатҳои воқеии парвандаро муқаррар намуда, ба чунин хулоса омад.

Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 08.08.2025 сол даъвои В.А.М. ба ҷавобгарии С.Н.М. ҳамҷавобгар С.Р.Н. оиди аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ қонеъ карда шудааст.

 

 

Судя Раҳимзод С.К.