Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 25 июни соли 2025 бо моддаи 93 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқвайронкунанда И.Н.И. санаи 11 июни соли 2025 тахминан соати 09:00 дақиқа дар назди беморхонаи клиникии шаҳри №1-и шаҳри Хуҷанд, нисбати ҳамсараш М.М.И. бо суханҳои қабеҳ таҳқир намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор додани шуда, нисбати охирон суханҳои қабеҳ зада, нисбаташ охирин зӯроварӣ кардааст, ки боиси поймол гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамсараш гардидааст.

Бинобар ин, нисбаташ бо моддаи 93 иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Мувофиқи қисми 2 моддаи 26 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд, ба маҷсад мувофиҷ донист дар ғоибии охирин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намояд.

Ҷабрдида М.М.И. дар муҳокимаи судӣ аз суд хоҳиш кард, ки нисбат ба шавҳараш И.Н.И. дар доираи талаботи қонун ҷазо таъин карда шавад.

Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ суд хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи И.Н.И. шахсияти ӯ, вазъи молу мулкӣ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба инобат мегирад.

Бо дарназардошти он, ки ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад, суд лозим медонад нисбати И.Н.И. ҷазоро дар доираи санксияи моддаи мазкур таъин намояд.

Бо қарори суди шаҳри Хуҷанд аз 25.06.2025 сол И.Н.И. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмур бо моддаи 93 иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба яксаду панҷоҳ сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

Судяи суди шаҳри Хуҷанд Мусоҷонзода У.М.