Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик ва ифтитоҳи Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ” дар деҳоти Кангурт
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоӣ, саноатӣ ва мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Роҳбарият ва мардуми меҳмоннавози ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Коллеҷи тиббӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур бо шакл ва тарҳи ҷолиб бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Муассиса имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯро дорад.
Коллеҷи мазкур дорои 36 синфхонаи таълимиву лабараторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ, китобхона барои 30 ҷой, ошхона барои 60 ҷой ва инчунин толори маҷлисӣ барои 240 ҷойи нишаст мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии ҳудуди Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурт 10 ҳазор метри мураббаъ буда, масоҳати зери сохтмон 1125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Кушодашавии бинои нави Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ боиси фараҳмандии хурду калони ноҳия гардид.
Татбиқи ташаббуси мазкур нишонаи возеҳи ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илмомӯзии ҷавонон ва азхудкунии донишҳои муосир маънидод гардид.