Рисолат ва асолати забони давлатӣ
Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Забон занҷирест, ки имрӯзу дирӯзи моро бо фардо мепайвандад, то саду садсолаҳои дигар ҷовид бимонем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Аз таърихномаҳои тӯли қарнҳо эҷодшуда метавон дид, ки забони тоҷикӣ бо шевоиву нобияш дар тамоми давру замон аламбардори миллати сарбаланди мо будааст.
Ҳатто истилогарони аҷнабӣ натавонистанд, ки ин миллати куҳанбунёдро аз забони гуфтугӯии қадимаашон ҷудо созанд. Ба хоки давлати тоҷикон дар тӯли асрҳо даҳҳо маротиба лашкар кашидаанду ба сарзамини зархезаш дасти ғосибона ва таарруз дароз намудаанд.
Ин миллати сабуру шикастнопазир ва ба гуфти Мавлавии Балхӣ «тоҷики гарданкашу лашкаршикан» бо вуҷуди чунин имтиҳонҳои сангини қисмат забонро мисли гавҳараки чашмаш ҳифз намуд ва аз насл ба насл мисли шамъи фурӯзон дар шаби тори зулмоти тақдир мерос гузошт. На Искандари Мақдунӣ, на истилогарони араб ва на Чингиз натавонистанд, ки ҳувияти ин миллатро бишкананд. Зеро ҳар миллате, ки забони ниёгонашро ҳифз карда метавонад, бешак, барҷастатарин халқияти кураи арз аст. Барои мисол, вақте хилофати исломӣ дар асрҳои VI ва VIII ними қитъаи Авруосиё ва Африқоро фаро гирифт, миллату давлатҳое, ки зери истилои араб монда буданд, на фақат исломро ҳамчун дин қабул карданд, балки забони арабиро низ ба ҷои забонҳои миллии қадимаашон пазируфтанд.
Дар натиҷа забонҳои сурёӣ, лубнонӣ, канъонӣ ва даҳҳо забонҳои паҳнои африқоӣ дар натиҷаи ғасби арабҳо аз байн рафт. Имрӯзҳо дар ин кишварҳо забони қадимаашонро касе намедонад. Аммо миллати тоҷик дар дарозои гузаштаи худ садҳо маротиба имтиҳони тақдирро сарбаландона паси сар кардааст. Аз ҷумла, ҳангоми ҳуҷуми истилогарон шарафу номуси худро нигоҳ доштааст. Маҳз, ҳамин нуктаи муҳим буд, ки миллати тоҷик динро қабул карду забонро не. Бесабаб Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ нагуфтаанд, ки “забон шиносномаи миллат аст”.
Имрӯзҳо дар дунё кам миллате ёфт мешавад, ки китоби 1300-1400 сол қабл чопшудаи худро хондаву фаҳмида тавонад. Зеро дар натиҷаи омехташавии тамаддунҳо ҳазмшавии шеваву лаҳҷаҳои зиёде ба ҳам омадааст, ки миллату халқиятҳои бузург забони миллатҳои нисбатан хурдро дар худ фурӯ бурдаанд. Аммо миллати тоҷик бо сарбаландӣ метавонад гӯяд, ки китобу осори 1200-1400 сол пешинаи худро ба хубӣ мефаҳмаду ҳанӯз бо ҳамон шева ҳарф мезанад.
Хушбахтона, ҳанӯз мо бо забони устод Рӯдакӣ байни худ муошират мекунему шеърҳои нобашро амиқан бе ягон луғатномаву шарҳномаҳо мефаҳмем, ки ин ифтихори мо аст. Ин буд, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ 22-юми июли соли 1989 Ҷумҳурии Тоҷикистони сотсиалистӣ тавонист забони тоҷикиро забони давлатии худ эълон дорад. Идомаи мантиқии кори шарафбардорони миллати қадимаро аз ҷониби абармарди таърихӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият эҳсос мекунем, ки барои боз ҳам қувват бахшидани забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эълон ва эътироф шуд. Минбаъд чунин иқдом дар дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ сабти худро ёфт, ки шарафи забони миллию давлатии моро бамаротиб боло бурд.
Нашри китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» бори дигар дар асоси санаду ҳуҷҷатҳои қотеъ ба ҷаҳониён паём фиристод, ки ин миллату халқи куҳан соҳиби яке аз шохаҳои бузурги забонҳои қадимаи сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки то ба ҳанӯз пойбарҷо аст.
Суҳроб ҚОСИМӢ,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд