Неъмати Истиқлолият
Чунонки Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллӣ, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанаанд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”. Акнун – пас аз гузаштани солҳо ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: “Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем”. Душвортарин муаммои мо дар зарфи бисту нуҳ солд ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарўза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.
Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, дараҷаи наҷотро низ дар он дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои Стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Саидшозода Зафар Сафаралӣ
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди шаҳри Хуҷанд