Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Имрўз, дар толори бинои суди шаҳри Хуҷанд бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, Раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода М.Р. аз номи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш.Шоҳиён тамоми кормандони мақомотро бо ин Рўзи фараҳбахш табрик намуда, таманниётҳои неки хешро иброз намуданд.
Сипас, аз ҷониби дигар кормандони мақомоти судӣ оиди ин санади муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо маъруза карда шуда, зикр карда шуд, ки имрўзҳо тамоми дастовардҳое, ки тўли 26 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидааст, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими халқи Тоҷикистон мебошад.
Воқеан ҳам, Конститутсияи ҶТ ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқие мебошад,ки мазмуну мўҳтавои он чи қадар афкори ҷамъиятро дарбар гирад, ҳамон қадар барои инкишофи ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.
Зиндагӣ дар чунин ҷомеае, ки асосҳои бунёдии онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи ҳамешагии халқи мо дар масири асрҳо мебошад.