МАРДҲОИ ДАЛЛАСОЗ

Мақоли мардумии «ба як мард чил ҳунар кам аст» имрўз куллан маънои манфӣ гирифта, баъзе онҳо ба даллагӣ машғул шудаанд. Ба даст овардани фоидаи муфт, бетарафии атрофиёни ба сар задани чунин бадахлоқӣ дар ҷомеа ба хусус байни мардон боиси нигаронист!

Суди шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ нисбати марди 32-солаи зодаи шаҳри Хуҷанд А.И., маълумоташ миёна, аробакаш дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд, оиладор, соҳиби як фарзанди хурдсолро, дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 239 қисми I Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Судшаванда А.И. тибқи нақшаи ҷинояткоронаи пешакӣ тарҳрезӣ намудааш, аввали моҳи марти соли 2019, аз шаҳрванд Б.Ф, ҳуҷраи истиқоматии ба ӯ мансуб буда, воқеъ дар шаҳри Хуҷандро ба иҷора гирифта, минбаъд нияти дар суроғаи мазкур ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахонаро кард. Баҳри амалӣ намудани ин ҳадафи ҷинояткоронааш, судшаванда ҳуҷраи истиқоматии мазкурро мунтазам дар фосилаи аз аввали моҳи марти соли 2019 то санаи 06 июни соли 2019, ба шахсони гуногун, барои алоқаи ҷинсӣ кардан ва қонеъ намудани талаботҳои шаҳвонии худ, пешкаш намуда, барои ин амалҳои худ, маблағҳои муайяни пулӣ гирифтааст.

Аз ҷумла санаи 3-июни соли 2019, тахминан соати 16:00 дақиқа, бо мақсади ҷинояткоронаи ташкил ё нигохдошти фоҳишахона, ба шаҳрвандон П.Ш, ва Қ.М., бар ивази маблағи 100 сомонӣ, ҳуҷраи истиқоматии ба иҷора гирифтаашро барои қонеъ намудани талаботҳои шаҳвонӣ пешниҳод кард. Ғайр аз ин, А.И. ҳаракатҳоии ҷинояткоронаи худро идома дода, бехабар аз он, ки шаҳрванд П.Ш. баҳри ошкор намудани ин кирдорҳои ҷинояткоронааш, бо кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, ҳамкорӣ кардааст. Санаи 6 июни соли 2019, тахминан соати 17:00, ҳуҷраи истиқоматии дар суроғаи боло зикршударо, ба П.Ш. ва С.Д. бар ивази маблағи 150 сомонӣ, барои соатҳои муайян пешкаш менамояд.

Дар баррасии парванда судшаванда худашро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳкор ҳисобида, аз кирдораш пушаймон буд. Суд худ икрории судшавандаро дар содир намудани ҷиноят ва маҷбурӣ набудани эътирофи худиқрориашро баҳо дода, кирдори судша-ванда А.И. бо моддаи 239 қисми I КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба вай бо ҳамин модда бо дастрасии моддаи 63 КҶ ҶТ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба ҳашт ҳазору дусаду панҷоҳ сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин кард. Айнан чунин ҳолат сокини дигари шаҳри Хуҷанд марди 40-сола Р.С. маълумоташ миёна, ҷои кори аниқ надорад, муҷаррад, соҳиби се фарзанд, қаблан ду маротиба бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 239 қисми I Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Чунончи, судшаванда санаи 26 майи соли 2019, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба шаҳрвандон Р.Р. ва Б.Ш. барои алоқаи ҷинсӣ намудан хонаи истиқоматиро, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, пешкаш намуда, дар он ҷо барояшон шароит фароҳам оварда, бо ғарази шахси барои хизматаш аз Р.Р. маблағи 100 сомонӣ нақд гирифт. Судшаванда ин кирдори бадахлоқонаи худро мунтазам идома дода, пули «бе дарди миён» ба даст меорад. Ҳангоми аз тарафи кормандони шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кирдори ҷинояткоронаи Р.С. муайян ва ошкор карда шуда, аз номбурда 100 сомонӣ маблағи пулии гирифтааш ҳамчун далели шаъйӣ дарёфт ва гирифта шудааст.

Дар баррасии суди парванда судшаванда Р.С. худашро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор ҳисобида, бо навиштани баёнот аз кирдораш пушаймон шуд.

Суд кирдори судшаванда Р.С. бо моддаи 239 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона бо ғарази шахсӣ муқаррар мекунад, тибқи он ба вай ҷазо дар намуди ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба ҳашт ҳазору панҷоҳ сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.

 

Мавҷуда РАУФӢ , раиси суди шаҳри Хуҷанд