Т А Қ Д И Р С О З

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну моҳияти баланд дошта, месазад онро ба таври шоиста таҷлил намоем. Хушбахтона, мардум  бо гузашти ҳар сол аҳамияти онрот дарк менамояд ва шинохташ аз хидматҳою ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меафзояд.

Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истеъдоди худодод, ҷасорату матонат, қобилияти сиёсии нотакрору барҷаста ҳанўз аз замони сари қудрат омадан, яъне дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ кафили сулҳ, якпорчагӣ ва ваҳдати ҳақиқии халқҳои Тоҷикистон гардида, дар самти тартибу низоми давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфоии кишвар, рушди бемайлони иқтисодиёт, беҳбудии рўзгори мардум хидматҳои шоён намудаанд. Пешвои муаззами миллат яке аз сиёсатмадорони  дурандешу хирадманд, ифодакунандаи талабот ва вазифаҳои давраи тақдирсози истиқлолияти миллӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои олии инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ муҳаббат ва ҳақиқат, нафрат ба дурўѓ ва дурўѓгўён, қадри  шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан фазилатҳои Пешвои даврони худро мо дида истодаем.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии иқтисоди фалаҷгардида, беҳсозии сатҳи некўаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоати басо бузург аст.

Аз замони интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби роҳбари давлат зина ба зина ва марҳила ба марҳила Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, роҳаш ба роҳи музаффариятҳост.

Аз сафарҳои кории Роҳбари давлат ба шаҳру новоҳии мамлакат аён мегардад, ки мардум бо меҳру муҳаббати самимӣ ва ояндаи хурраму умедбахш ба роҳбари некмақдаму дурандеш, адолатпешаю инсонгаро менигарад. Онҳо ҳамеша аз амалҳои созандаашон меѓуянду ба адолатпарвариашон таҳсин мехонанд.

Бояд қайд намуд, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи оддӣ нест, он иди бузурги умумимиллӣ , тантанаи волоияти қонун ва маҳбубияти хосае мебошад, ки дар ин рўз сипосгузорӣ намудан ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомали Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳофару бобаракат вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат маҳсуб меёбад.

                                             Миршакар Дустзода

                             Судяҳои Суди шаҳри Хуҷанд