Ҷашни 50 солагӣ муборак!

Имруз, яке аз корманди собиқадори суди шаҳри Хуҷанд Сатторова Вилоят Каримовна, ки 32 соли фаъолияти меҳнатии хешро баҳри пешбурди кори мақомоти судӣ бахшидааст, ҷашни 50 солагӣ дорад.

Сатторова В.К. аз соли 1988 фаъолияти кории хешро дар мақомоти судӣ оғоз намуда, сараввал дар суди ноҳияи Б.Ғафуров ва аз соли 1996 то инҷониб дар суди шаҳри Хуҷанд дар вазифаҳои  мушовири суд, котиби маҷлиси судӣ ва котиби суд фаъолият намуда, ҳоло фаъолияти кориашро дар самти коргузорӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ идома дода истодааст.

 

Кулли кормандони суди шаҳри Хуҷанд Вилоят Саттороваро бо ин санаи мубораки умр табрику таҳният гуфта, қабл аз ҳама саломатии бардавом, умри бобаракот, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно намуда, дар фаъолияти кориашон фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатиро орзу менамоянд.