Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд нисбати Сатторов Диловар Норасович дар содир намудани ҷинояти хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта

Санаи 28 майи соли 2021 ҳукми суди шаҳри Хуҷанд нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторов Диловар Норасович,  21 октябри соли 1988 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст, ки ба содир намудани ҷинояти  хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта даст задааст, баромад.

Сатторов Д.Н.-ро тахминан охирҳои моҳи июни соли 2008 дар ҳудуди маҳаллаи 82 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шахси шахсияташ номаълуми айни ҳол фавтида, бо ному насаби барои шомил шудан ба ташкилоти экстремистии ғайриқонунӣ амалкунандаи фаъолияташ манъкардашудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» даъват намудааст. Сипас, Раҷабов А. ба судшаванад Сатторов Д.Н. дар масҷиди маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе, таълимоти динӣ аз рўи адабиётҳои ғайриқонунии ба «Ҳизб-ут-Таҳрир» таалукдошта, аз қабили «Низоми Ислом», «Нафсияи Ислом» ва ғайраҳо додааст. Судшаванда Сатторов Д.Н. ҳамин адабиётҳоро ҳамчун манбаи таълимоти динӣ қабул карда, аз ин адабиётҳо ақидаи ифротии худро қавӣ гардонида, дар он ҷо бо роҳи қасам (байъат) ёд кардан ба ин ташкилоти экстремистӣ аъзо гардидааст. Судшаванда Сатторов Д.Н. аз ҳамон шахсва дигарон муддати дароз ҳамчун аъзо сабақи ғайриқонунии динӣ гирифта, ғояҳои онро байни ҳамдигар ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ташвиқу тарғиб намуда, дар фаъолияти иттиҳоди экстремистӣ, ки мақсади ниҳоияш барҳам додани давлатҳои сохти идоракуниаш демократӣ, аз ҷумла Ҷумхурии Тоҷикистон ва дар заминаи он бунёди давлати исломии «Хилофат» мебошад, пинҳонӣ фаъолият ва иштирок намудааст.

Аз ҷумла, судшаванда Сатторов Д.Н. ҳангоми адои ҷазо барои маҷмуи ҷиноятҳои дуздӣ, аз 24 апрел то 14 сентябри соли 2016 дар муасиссаи ислоҳии ЯС 3/6 СРИҶҶ ВА Ҷумхурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, дидаю дониста, ки ташкилоти «Ҳизб-ут-Таҳрир», ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, содиркунии ҷинояти даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм, инчунин иштирок дар иттиҳоди экстремистии»Ҳизб-ут Таҳрир»-ро давом дода, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки баҳри зиёд намудани сафи он дар байни маҳкумшудагон ақидаҳои ифротгароёнаи худро пинҳонӣ ташвиқот намуда, дигар маҳкумшадагонро ба ин ташкилот бо роҳи даъват кардан шомил намояд.

Судшаванда Сатторов Д.Н. ҳамчунон ҳангоми дар муассисаи тафтишотии ЯТ 9/4-и шаҳри Кўлоб ҳамчун шахси барои куштани одам аз ҳиссиёти авбошӣ ба ҳабс гирифташуда, аз 24 майи то 16 августи соли 2017 нигоҳдошта шуданаш ва ҳангоми адои ҷазо дар муасиссаи ислоҳии ЯС 9/7 СРИҶҶ ВА Ҷумхурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бохтар, содиркунии ҷиноятҳои даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм, инчунин иштирок дар иттиҳоди экстремистиро аз 16 августи соли 2017 то 16 августи соли 2020 давом дода, дидаю дониста, ғайриқонунӣ, дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ, итиҳодияҳои ҷамъиятию динии «Ҳизб-ут-таҳрир», ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ва манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, бо роҳи содир намудани ҳаракатҳои қасдонае, ки барои баамалбарории ҳадафҳои ҳамин ташкилоти экстремистӣ равона карда шудаанд, аз ҷумла гузаронидани суҳбатҳо бо мақсади ташвиқу тарғиботи фаъолияти ҳамин ташкилоти барҳамдодашуда ва манъкардашуда, ҷалбкунии иштирокчиёни нав-маҳкумшудагон Иброҳимов Ёрибек Абдусаломович, Каримов Умедҷон Султонович, Мирзоев Фаррух Раҳмонович Руҷаев Субҳиддин Сафоидинхоҷаевич ва дигарон, гузаштан ба ҳолати пинҳонӣ ва ғайра иштирок намуда, ба фаъолияти он ба тарзи дигар мусоидат карда, даст ба даъвати шифоҳии оммавӣ таъсир расонидан ба шуур ва иродаи доираи васеи одамон-маҳкумшудагони номбаршуда ва дигарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ-муассисаҳои тафтишотию ислоҳӣ, бо мақсади майл намудан ва барангехтани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм-тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он машғул шудааст.

Инчунин, номбурда баҳри ба амал баровардани ин нияти худ, ҳангоми аз 02 сентябр то 02 октябри соли 2020 дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯС9/1 СРИҶҶ ВА Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта шуданаш ва аз 03 октябри соли 2020 дар шӯъбаи мутобиқгардони муассисаи ислоҳии 3/3 СРИҶҶ ВА Ҷумхурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд. воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 14, интиқол дода шуданаш, дидаю дониста, ғайриқонунӣ, дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динии «Ҳизб-ут-таҳрир», ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ва манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, бо роҳи содир намудани ҳаракатҳои қасдонае, ки барои баамалбарории ҳадафҳои ҳамин ташкилоти экстремистӣ равона карда шудаанд, аз ҷумла гузаронидани суҳбатҳо бо мақсади ташвиқу тарғиботи фаъолияти ҳамин ташкилоти барҳамдодашуда ва манъкардашуда, ҷалбкунии иштирокчиёни нав-маҳкумшудагон Аҳмадов Рустам Икромович, Олимов Меҳроб Ҳасанович, Шафиев Ҳамдҷон Маҳмадраҳимович, Саидов Сайфуллло Ҷумъаевич, Алибеков Алиҷон Пӯлодбекович, Қурбонов Ҷӯрабой Ҷумъақулович, Умед Дин Муҳаммад ва дигарон, гузаштан ба ҳолати пинҳонӣ ва ғайра иштирок намуда, ба фаъолияти он ба тарзи дигар мусоидат карда, даст ба даъвати шифоҳии оммавӣ-таъсир расонидан ба шуур ва иродаи доираи васеи одамон-маҳкумшудагони номбаршуда ва дигарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ-муассисаҳои тафтишотию ислоҳӣ, бо мақсади майл намудан ва барангехтани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм-тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он машғул шуда, ба онҳо оиди ақидаҳои ифротгароёнаи худ ва мақсаду мароми ташкилоти «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки он асосан ба зиёд намудани сафи аъзоён дар муассисаи ислоҳӣ, ташкил намудани «Давлати ягонаи Хилофат» дар худуди Ҷумхурии Тоҷикистон, ошӯб бардоштан бар зидди кормандони муассиса ва ғайраҳо иборат мебошад, суханронӣ ва амри маъруф карда, таълимотҳои динӣ дода, даъват кардааст, ки бо роҳи қасам ёд кардан (байъат) ба ташкилоти экстремистии мазкур шомил шуда, минбаъд дар фаъолияти он иштирок намоянд.

Бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 28 майи соли 2021 Сатторов Диловар Норасович дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 3071 қисми 1 ва 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо моддаи 3071 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати се сол;

-бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати панҷ сол;

Бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳоӣ нисбати Сатторов Диловар Норасович дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 5 (панҷ) солу 6 (шаш) моҳ бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шуда, бо дастрасии қисми 1 моддаи 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазои адонагардидаи бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз 13 июли соли 2017 таъинкардашуда, нисбати Сатторов Диловар Норасович ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  чордаҳ сол бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шудааст.

Суди шаҳри Хуҷанд.

(*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешаванд)