Паём — Роҳнамо

Дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат  Маҷмаи умумии СММ дар кишварҳои дорои мушкили оби ошомиданӣ силсилаи чорабиниҳоро мавриди амал қарор дода истодааст. Бо назардошти ин тадбири дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ Сарвари давлат ба таври махсус дар паём таъкид доштаанд: “Мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “ Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем. Дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.” Иқдомҳои Пешвои миллат оид ба таъмини кишварҳои дорои мушкили оби нушокӣ имруз мақом ва манзалати кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебаранд ва аз он дарак медиҳанд, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамчун ташаббускор ва пешоҳанги ин тадбири ҷаҳонӣ аз имконият ва захираҳои обии хеш ҳам ба манфиати мардуми кишвар, ҳам манфиати мардуми минтақа ва ҳатто ҷаҳон босамар истифода бурда истодааст. Таъмини саросари аҳолии Тоҷикистон бо оби нушокӣ ва бунёди неругоҳҳои барқи обии барои минтақа аҳамиятнок татбиқи муваффақонаи ин ҳадафҳои бузургро бозгуй мекунанд. Тоҷикистон дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои хеш омода аст, захираи бузурги оби кӯли Сарезро ба манфиати мардуми сайёра истифода барад ва дар ин арса аз имкониятҳои дигари хеш ба ҷаҳониён дасти ёрӣ дароз намояд. Муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳияи лоиҳаҳое, ки дар сатҳи зарурӣ захираҳои истифоданашудаи кишвари моро тарғиб мекунанд, бори дигар аз он дарак медиҳанд, ки ҳадаф ва барномаҳои наҷибу бузурги Пешвои миллат барои боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои ҷаҳонӣ равона шудаанд. Аз ин рӯ, месазад, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро раҳнамои марҳилаи нави ин ташаббускориҳо унвон намоем.

ДУСТЗОДА  МИРШАКАР  ТОШМУРОД

Судяи суди шаҳри Хуҷанд