Падаре, ки фарзандони ноболиғи хурдсолашро зери лату куб қарор дод, ҷазо гирифт

Иномзода Фирдавс Аббос, ки падари ду кўдаки ноболиғ мебошад ва дар зиммааш ўҳдадориро барои тарбия ва рушду камоли фарзандонаш масъулият дорад, инчунин вазифадор аст бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, руҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомўзии фарзандонаш ғамхорӣ намояд, нисбат ба фарзандонаш муомилаи бераҳмона, сангдилона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кўдакро раво дида, ўҳдадории худро номувофиқ иҷро намуда, фарзандонишро мавриди зарбу лат қарор додааст.

Иномзода Фирдавс Аббос, 26.11.1986 санаи таваллудаш, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, бе ҳизб, маълумоташ миёна, оиладор, соҳиби ду фарзанд, муваққатан бекор, қаблан 11.05.2017 сол бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои «а,б» КҶ ҶТ ба мўҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзўр суд шуда, 29 октябри 2019 сол дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” №1648 аз 25.10.2019 сол аз адои ҷазо озод гардидааст, ҷои истикоматаш шаҳри Хуҷанд, кўчаи Истиқлол, хонаи 77 — бо ҳукми Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз санаи 22 июли соли 2020 дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар, ки ин ўҳдадориро ба зиммааш қонунан гузошта шудааст, инчунин, аз ҷониби омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат ба ноболиғ алоқаманд мебошад, пешбинӣ мекунад, гунаҳгор дониста шуда, ба вай ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин карда шудааст.