ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.  2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №   5, мод.   321, №   9-10, мод. 543; с. 2010, №  1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, №   7, мод.   547, №  12, қ.  1, мод.  812; с. 2011, №   6, мод.  430, мод. 431, №  7-8, мод.  610, №  12, мод.  838; с.  2012, №  4, мод.  256, №  7, мод.  685, мод.  693, №  8, мод.  814, №  12, қ.  1, мод.  1004; с.  2013, №  3, мод.  181, № 7, мод. 508; с.  2014, №  3, мод. 143, мод. 144, №  7, қ. 1, мод.  389, мод. 390; с.  2015, №  3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод.  708, № 11, мод.  955, №  12, қ. 1, мод. 1108; с.  2016, №  3, мод. 130, мод. 131, мод.  132, №  5, мод.  359, мод.  361, № 7, мод.  613, мод. 614, №  11, мод.  877; с.  2017, №  1-2, мод.  5, мод. 6, №  5, қ.  1, мод.  275, №  7-9, мод. 568, мод. 585; с.  2018, №  1, мод.  9, №  5, мод. 268, мод.  269; с. 2019, № 1, мод.  8, №  6, мод.  312, мод.  313, №  7, мод.  464; с. 2020, №  1, мод.  6, №  7-9, мод.  604, мод.  606, мод.  621), моддаи 4621 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 4621. Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ,  нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)
Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, содир шуда бошанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ шабонарӯз таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2.   Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш.  Душанбе, 17 декабри соли 2020, № 1726
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М.   ЗОКИРЗОДА
ш.   Душанбе, 14 октябри соли 2020, № 191
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор   мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш.   Душанбе, 9 декабри соли 2020, № 72
аз сомонаи https://jumhuriyat.tj гирифта шудааст