ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1.  Қисми даҳуми моддаи 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июни соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.  2005, № 7, мод.  398; с.  2006, № 3, мод.  141; с. 2007, № 5, мод.  350, № 7, мод.  652; с.  2008, № 12, қ. 1, мод.  981; с.  2009, № 5, мод.  314; с. 2011, № 3, мод.  150, № 6, мод.  428; с.  2012, № 8, мод.  810; с.  2013, № 7, мод.  497, мод.  498, № 12, мод.  876; с.  2014, № 3, мод. 139, № 12, мод.  820;    с.  2016, № 3, мод.  125; с.  2017, № 5, қ. 1, мод.  267; с. 2019, № 6, мод.  308) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Прокурорҳо ва муфаттишон ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии  шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ), кормандони прокуратураҳои нақлиётӣ бошанд, дар доираи минтақаҳои хизматӣ аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ, ба таври ройгон истифода намоянд.  Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
Моддаи 2.  Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш.  Душанбе, 17 декабри соли 2020, №  1725
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.  ЗОКИРЗОДА
ш.  Душанбе, 28 октябри соли 2020, №  203
 
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш.  Душанбе, 9 декабри соли 2020, №  71
аз сомонаи https://jumhuriyat.tj гирифта шудааст.