Нақшаи кории Суди шаҳри Хуҷанд

Нақшаи кории Суди шаҳри Хуҷанд

НАҚШАИ
кории Cуди шаҳри Хуҷанд
барои нимсолаи аввали соли 2019

 

Номгўи чорабиниҳо Муҳлати иҷроиш Шахсони масъул
1. Ҷамбастии фаъолияти суди шаҳри Хуҷанд дар давраи соли 2018 ва таҳлили натиҷаҳои кории суд дар давраи соли 2018     январ Раиси суд

Шарифзода М.Р.

2. Омузиш ва санҷиши фаъолияти суд оид ба таъин ва иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ, инчунин, андешидани чораҳо вобаста ба таъмини иҷроиши ҷаримаҳои таъингардида дар соли 2018 январ Муовини раиси суд Раҳмон Ҷ.Қ.
3. Омўзиш ва таҳлили асос ва сабабҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар давраи соли 2018 вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ. январ Судя Савриддинзода А.О.
4. Ҷамбастии таҷрибаи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ хусусияти экстремистӣ-террористидошта, ки дар соли 2018 баррасӣ карда шудаанд.  феврал Судя Набизода Н.Ҳ.
Ҷамбастии таҷрибаи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба қаллобӣ, ки дар соли 2018 баррасӣ карда шудаанд. март Судя Рустамзода М.
5. Ҷамбасти таҷрибаи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки дар соли 2018 баррасӣ карда шудаанд. апрел Судя Олимзода Р.Р.
6. Ҷамбасти таҷрибаи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ, ки дар соли 2018 баррасӣ карда шудаанд. апрел Судя Мирасилзода А.А.
7. Ҷамбасти таҷрибаи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оид ба рўёнидани алимент ба фарзандони ноболиғ, инчунин фарзандони болиғи таҳсилкунанда ва тағйир додани андозаи алимент, ки дар соли 2018 баррасӣ карда шудаанд. май Судя Косимӣ С.С.
8. Ҷамбасти таҷрибаи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оиди аъзои оила эътироф намудан  ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ, инчунин махрум намудан аз хукуки истифодаи манзил ва кучонидани кайди зист, ки дар соли 2018 баррасӣ карда шудаанд. май Судя Маруфзода Н.Н.
9. Гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир ба муҳтавои конунҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда дар байни аҳолӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ. мунтазам Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд
10. Иҷроиши Фармони Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 апрели соли 1997 таҳти №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» аз 29 апрели соли 2009 таҳти № 253, Қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» аз 17 декабри соли 2008 таҳти №383 ва Қарори Раиси  шаҳри  Хуҷанд «Дар бораи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» аз 29 майи соли 2009 таҳти №387. мунтазам Судяҳо ва хизматчиёни давлатии суди шаҳри Хуҷанд