БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ!

Мо, тоҷикон, воқеан хушбахтем, ки ватани озоду обод ва соҳибистиқлол дорему дар зери парчами созандагӣ аз ин ҳодисаи фараҳбахш лаззат мебарем ва ин падида орзую омоли чандинсолаи моро қувват бахшида, илҳоми тоза ва нерӯи созанда тақдим намуд. Ҳар инсони соҳибақлу бомаърифат бояд дарк кунад, ки баҳори Истиқлол ба мо, тоҷикон ба осонӣ муяссар нагардидааст. Барои расидан ба ин баҳори озодӣ шоҳиди чи қадар қурбониву ҷонфидоии зиёд гардидем. Хуб огаҳ ҳастем, ки дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муҳим ва тақдирсоз ин қабл аз ҳама ваҳдати миллӣ буд, зеро он кас ҳамчун озодмарди пайроҳаи сулҳу оштӣ медонистанд, ки ин ҷанги бемаънӣ таҳмилӣ буд. Комиссияи оштии миллӣ чун ҳайати обрӯманди мардумӣ, ки дар он беҳтарин намояндагон аз ҳамаи табақаҳои ҷомеа, ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ гирд омада буданд, далели рӯшани ҳамраъйӣ эътироф гардид. Дар ин ҳайат сиёсатмадорону арбобони ҷамъиятию давлатӣ, шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, ки суханҳои онҳо қувват дошту нигоҳашон маънӣ. Ваҳдат беҳтарин неъмат ба ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳамаи давру замон арзёбӣ мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешзои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар масири таърих дар як муддат ва фосилаи кӯтоҳ миллатрр сарҷамъ намуда, ба муттаҳидию ваҳдат оваранд. Оянданигарии он кас ҳалқаи гӯши Истиқлолият гашт, зеро Пешвои миллат симои сулҳу оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро аз ҳама пештар фаҳмида буданд. Барқарор намудани сохтори давлати фалаҷгашта, ба эътидол овардани вазъияти баргардонидани гурезаҳо, сохтмони хонаҳои сӯхтаву валангоргаштаи онҳо, дастрас намудани маводи озуқа ба онон, оромиву суботи ҷомеа, барқарор намудани инфрасохтори иҷтимоию маишӣ, мактабу маориф, тандурустию фарҳанг, авзои онвақтаи баъди ҷанги таҳмилӣ бениҳоят вазнину сангину заҳматталаб буд. Бояд гуфт, ки ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Танҳо ҷасорат, матонат, ояндабинӣ, ҷоннисорӣ ва далерии Эмомалӣ Раҳмон тавонист зина ба зина ва пай дар пай бо мардуми шарифи Тоҷикистон аз сахтиҳо наҳаросида, баҳри ободӣ, шукуфоӣ ва сарсабзии ин сарзамин талош варзад. Самараи неки Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Истиқлолияту ваҳдат ҳамчун ду боли як кабӯтар буда, парвози ҷаҳонӣ дорад ва боиси ифтихор аст, ки ин таҷрибаи Тоҷикистон аз тарафи давлатҳои хурду бузург омӯхта шуда истодааст. Саидшозода З.С. И.в. раиси суди шаҳри Хуҷанд